Қонуншикании беш аз 1 ҳазор нафар пиёдагардон дар роҳҳои пойтахт
Гуфта мешавад, дар ин давра панҷ ронанда боздошт шудаанд, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаро идора мекарданд. Миёни онҳо ронандаи таксӣ Аъзам Воҳидов, ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети (рақ. давлатӣ 5440) ҳузур доранд.
Барои истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми сари чанбараки автомашина қарор доштан 404 нафар ронандагон ҷаримабандӣ шудаанд.
Дар байни ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ 177 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 262 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ба қайд гирифта шудааст.
Комментарии (0)