< Си Ҷинпин аз ашъори Рӯдакӣ байт хонд - (навор) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Си Ҷинпин аз ашъори Рӯдакӣ байт хонд - (навор)

Си Ҷинпин аз ашъори Рӯдакӣ байт хонд - (навор)
Роҳбари Чин Си Ҷинпин дар рафти нишасти МҲТБО дар Душанбе аз ашъори шоири шаҳири форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ байт хонд: Ҳама ниюшаи хоҷа ба накӯию ба сулҳ аст, Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост. Ӯ таъкид намуд, ки Чин доим ҷонибдори сулҳ буд ва мемонад

 Роҳбари ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дар рафти Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварии Осиё дар Душанбе суханронӣ намуд ва ҳангоми таъкид ба сулҳу дӯстӣ аз ашъори шоири шаҳири форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ иқтибос овард: Ҳама ниюшаи хоҷа ба накӯию ба сулҳ аст, Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

"Шоири бузурги тоҷик Рӯдакӣ гуфта буд: Ҳама ниюшаи хоҷа ба накӯию ба сулҳ аст, Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост. Мо омодаем бо ҳамтоёнамон аз сулҳу субот ва рушд дар Осиё ва тамоми ҷаҳон ҷонибдорӣ кунем", - гуфт вай.

Ӯ қайд кард, ки Чин доим ҷонибдори сулҳ дар ҷаҳон буду мемонад.

Fifth Summit of the Conference on Interaction and Confidence-Building Measures in Asia

Fifth Summit of the Conference on Interaction and Confidence-Building Measures in Asia

Geplaatst door Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон op Vrijdag 14 juni 2019


Ҷинпин таъкид бар он кард, ки баҳсҳои тиҷоратиро бояд дар асоси машварат ҳал кард ва ҳуқуқҳои ҳамаи ҷонибҳоро ба назар гирифт.

Вай афзуд, ки кӯшиши Пекин дар танзими баҳсҳои минтақавӣ бо роҳи сулҳ ва ҳазфи таниш дар нуқот аз тарқи гуфтугӯ аст.

"Мо бояд якҷо, даст ба даст ба таҳдидҳо вокуниш нишон диҳем ва дар амнияту рушди Осиё шароити наверо фароҳам оварем. Бунёди муҳити эҳтироми мутақобил дар Осиё мақсади муштараки мост", - гуфт Си Ҷинпин.

Комментарии (0)

Оставить комментарий