< Оё дар Тоҷикистон волоияти қонун вуҷуд дорад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оё дар Тоҷикистон волоияти қонун вуҷуд дорад?

Оё дар Тоҷикистон волоияти қонун вуҷуд дорад?


Санаи 12.06.2019 шаҳрванд Эргашев Мурод Турсунбоевич, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба агентии иттилоотии мустақили “Ҳамсинф” муроҷиат намуда, оид ба амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсия шикоят кард. 

Номбурда чанд моҳ қабл оиди муаммои худ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд муроҷиат намуд, ки натиҷа муроҷиати ӯро беасос ҳисобиданд. Чунончӣ, санаи 7 феврали соли 2019 Эргашев М. барои оштӣ шудан бо ҳамсараш ба хонаи волидони охирон меравад. Муродро оилаи волидонаш хуб пешвоз мегиранд ва ҳатто ҳамон шаб монда, пагоҳ рафтанашро таклиф мекунанд.

Эргашев М. ба онхо бовар карда, дар хона мемонад ва аз сабаби он, ки муносибати оилавиаш барқарор гашта истодааст, хурсанд шуда, 100 грамм машруботи спиртй менӯшад, чунки ҳамсараш низ хуҷҷати ронандагӣ доштааст. Якбора ҳамаи хешу табор аз хуҷра мебароянд ва ба хуҳра кормандони милитсия даромада, дастони Эргашев М.-ро ба пушт карда, ба самти шаҳри Хуҷанд мебаранд.

Эргашев М.-ро аз ташхис гузаронида, ба ШВКД-и ноҳияи Спитамен то соати 5:00 субҳ нигоҳ дошта, сипас ҷавоб медиҳанд. Лекин ягон хуҷҷат тартиб намедиҳанд. Санаи 18 феврали соли 2019 бо тариқи почта ба Эргашев Мурод
қарори хуқуқвайронкунии маъмурй аз 12 феврали соли 2019 ирсол мегардад. Дар ин қарор гуфта шудааст, ки 

«санаи 8 феврали соли 2019 тахминан соати 21:00 дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Спитамен аз тарафи нозири роҳи ШБДА-и ноҳияи Спитамен сержанти милитсия Порсоев Ином барои гузаронидани санҷиш боздошт карда шудааст, дар холати мастй қарор дошт, ки боиси тартиб додани протоколи маъмурй нисбати Эргашев Мурод гардидааст». 

Санаи 17 апрели соли 2019 Эргашев Мурод бо тариқи почта дуюм қарорро мегирад. Акнун ин қарор аз 11 феврали соли 2019 тартиб дода шудааст :

 “Санаи 08 феврали соли 2019 соати 23:30 дақиқа ҳангоми санҷиши минтақаи хизматй аз тарафи нозири минтақавй МХМ №2 ШХТЧ ШВКД Ҷумхурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен лейтенанти калони милитсия Набиҷони Ф. ва ваколатдори оперативии ШКҶ Шуъбаи Вазорат дар ноҳияи Спитамен капитани милитсия Мирсаидзода Б. дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ронанда Эргашев Мурод дар ҳолати мастй боздошт карда шуда, барои муайян намудани дараҷаи ҳолати мастй ва шаҳодаткунонии тиббй бо ҳамроҳи нозири роҳи ШБДА ШВКД ЧТ дар ноҳияи Спитамен сержанти калони милитсия Каримов А. гузаронида шуда, минбаъд аз ҷониби нозири роҳи ШБДА Шуъбаи Вазорат дар ноҳияи Спитамен сержанти милитсия Порсоев И. протоколи хуқуқвайронкунии маъмурй нисбати Эргашев М.Т. тартиб дода шудааст”.

Оё нисбати як ҳуқуқвайронунанда ду қарор тартиб додан ба қонун рост меояд??? Аз хона бароварда протокол тартиб додан оё аз рӯи қонун аст? Дар қарори якум Эргашев М.-ро корманди БДА Порсоев И. доштам мегӯяд, зеро Порсоев қамон рӯз навбатдор набуд ва ӯро Эргашев М. тамоман надидааст, дар қарори дуюм нозири минтақа доштам мегӯяд, ӯро низ Эргашев М. надидааст. Дар хонаи волидони ҳамсараш тамоман кормандони ШВКД-и Спитамен буд. Ин сохтакорй аст.

Лекин суди ноҳияи Спитамен ҳамаи ин ҳолатҳоро сарфи назар карда, Эргашев М.-ро ҷазо дод, ӯро ба 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта, ба мӯҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карданд?!

Ин ҳолатҳоро Эргашев М. дар суди марҳилаи якум ва дуюм исбот кард, лекин тамоман ба инобат гирифта нашуд, ҳатто аҳамият ҳам надоданд. Ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ шикоят оварда шудааст...волоияти қонун мегуем...Кани қонун? Кани адолат? Кани ҳақиқат?

Комментарии (0)

Оставить комментарий