Чархаи дуюми НБО Роғун ба таври озмоишӣ ба кор андохта шуд

Чархаи дуюми НБО Роғун ҳоло ба таври озмоишӣ ба кор андохта шудаасту аммо барқ тавлид намекунад
Тавре манбаъ қайд намудааст, рӯзи расман роҳандозии чархаи дуюми НБО Роғун то ҳол маълум нест.
Ёдрас мешавем, ки пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эълон намуда буд, ки агрегати дуюми НБО Роғун дар ҷумҳурӣ дар соли равон ба истифода дод мешавад.
Дар охири моҳи май баъд аз танаффуси чор моҳа тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Роғун барқарор карда шуд.
Қаблан муассисаҳои дахлдор хабар дода буданд, ки чархаи Роғун барои профилактика боздошта шудааст ва ба ҳамин хотир дар обанбори ниругоҳ сатҳи об кам карда шудааст.
Комментарии (0)