< Дафни Махсуми Саттор, як қурбонии ошӯб дар зиндони Ваҳдат. ВИДЕО » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дафни Махсуми Саттор, як қурбонии ошӯб дар зиндони Ваҳдат. ВИДЕО

Дафни Махсуми Саттор, як қурбонии ошӯб дар зиндони Ваҳдат. ВИДЕО
Дар шаҳри Душанбе яке аз қурбониёни ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдатро дафн карданд.
Маросим кутоҳи видоъ бо Саттор Каримов маъруф бо номи Махсуми Абдусаттор баъд аз зуҳри 20-уми май дар маҳалли зисташ сурат гирифт ва ӯро дар оромгоҳи «Сари Осиё» ба хок супурданд.
Як нафари наздик ба хонаводаи ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шиносоии ҷасад ҳузур дошт ва дар баданаш захми кордро мушоҳида кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки гӯиё Саттор Каримовро ошӯбгарон ва тарафдорони гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" куштаанд.
Саттор Каримов, узви баландпояи Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 барои ҳамдастӣ дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода ба 26 сол зиндон маҳкум карданд. Иттиҳоме, ки ҳизб онро комилан беасос номида, рад кардааст.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/05/7/77/7710624f-2c37-49c4-b98d-09ffbd5a3d14_manifest.mpd]
Ба гуфтаи писараш Абдураҳим Саттор, ӯ бо модараш бори охир 9-уми апрели имсол бо падараш дар зиндон вохӯрд. Дар маросими ҷаноза мардуми зиёде ширкат карданд. Тартибот дар маросими ҷанозаро мақомоти интизомӣ назорат мекарданд.
Дар ошӯби шаби 19-уми май дар зиндони ноҳияи Ваҳдат 32 нафар аз ҷумла се посбони зиндон кушта шуданд. Вазорати адлия рӯзи 20-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур", низ ҳастанд.
Мақомот гуфтанд, ошӯбро пайравони гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” барангехтаанд, ҳарчанд таъйиди ин хабар аз манобеи дигар имконнопазир аст. Ним сол пеш дар айни ҳодиса дар зиндони шаҳри Хуҷанд бештар аз 20 нафар кушта шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий