< Эмомалӣ Раҳмон дар Рашт фурудгоҳ, мактаби президентӣ ва осорхонаи Нусратуллоҳ Махсумро ба истифода дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон дар Рашт фурудгоҳ, мактаби президентӣ ва осорхонаи Нусратуллоҳ Махсумро ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон дар Рашт фурудгоҳ, мактаби президентӣ ва осорхонаи Нусратуллоҳ Махсумро ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба минтақаи Рашт, ки имрӯз, 11-уми сентябр оғоз шуд, фурудгоҳи ин ноҳия, мактаби президентӣ, осорхонаи Нусратулло Мазсум, Қаҳрамони Тоҷикистон ва чанд иншооти дигари иҷтимоиро ба истифода додааст. ​

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату  вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Манбаъ навишт, ки бинои фурудгоҳ, ки имрӯз ба истифода дода шуд, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хидматрасонӣ муҳайё шудааст. Вале аз соҳибкор ном бурда намешавад. 
        
            
                                                            
                                            
Ба иттилои хадамоти матбуотӣ, дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо ба дигар минтақаҳо барқарор мешавад.
                 
Манбаъ навишт, ки синфхонаи компютерии ин мактаб бо шабакаи интернет пайваст буда, синфхонаҳои химия, биология, физика бо озмоишгоҳҳо ва дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд. Инчунин, мактаб ду хобгоҳи ҷудогона барои писарону духтарон бо 350 ҷой дорад.

Ба иттилои хадамоти матбуотӣ, дар Мактаби президентӣ зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон 15 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар — Сангвор шинос шудааст.
        
Ҳамзамон, дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои мактаби рақами 12 барои 700 хонанда дар ду баст ва маркази савдо ифтитоҳ ёфта, дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор меҳмонхонаи «Гармчашмаи Вахё» ифтитоҳ шудааст.
Раисҷумҳури кишвар ҳангоми ифтитоҳи фосилавӣ бо шароити корӣ  дар бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Лахш, маркази адлия, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои шабакаҳои барқ шинос шудааст.
Мактаби рақами 45 барои 350 хонанда дар маҳаллаи навбунёди Сабзазор, мактаби рақами 28 дар деҳаи Полезаки деҳоти Ширинчашма барои 350 хонанда ва мактаби рақами 44 дар деҳаи навбунёди Сафедмун барои 600 хонанда дар ноҳияи Тоҷикобод аз иншооти дигаре буданд, ки ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфтаанд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллиро дар корҳои ободонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногунро барои беҳтар кардани шароити хидматрасонӣ, фарогирии мардум ба ҷойи кор ва васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт муҳим хондааст.
Ҳамчунин, раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, таҳким бахшидани созандагиҳо ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор шудаанд.
        
»Лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар-Сангвор бо дарозии умумии 64,5 километр амалӣ мешавад. Ҳамин сол аз Лабиҷар то деҳаи Кафтаргузар сохтмони роҳ бо дарозии 10 километр, бунёди ду пул бо дарозии умумии 148 метр, 18 қубури обгузар бо андозаҳои гуногун, 21 такядевор ва чароғонсозӣ оғоз мегардад», — навиштааст Хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти талаботи кӯҳистон барои босифат ва саривақт анҷом додан, ҷалби бештари сармоя ва тезонидани раванди корҳо дар роҳи Лабиҷар-Сангвор ба масъулини дахлдор супориш додааст.
Дар доираи сафари Раисҷумҳури кишвар ба водии Рашт, ҳамзамон дар шаҳраки Ғарми ин ноҳия, аз рӯйи ҳайкали Меҳмон Бахтӣ Нависандаи халқӣ пардабардорӣ шудааст.


Тибқи иттилои расмӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 404 иншоот, Нуробод 270, Лахш 99, Тоҷикобод 94 ва дар ноҳияи Сангвор 95 иншоот сохта ба истифода дода шудаанд.

                                            
                                            
                                            
                                            

Комментарии (0)

Оставить комментарий