< Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Ин нукта дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб иброз гардидааст.

«Шумо намояндагони касбе мебошед, ки ба умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад.  Ҳар шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад.
Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд», — афзуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор намуданд, ки рушди босуръати тибби муосир ҳар мутахассисро водор менамояд, ки донишу малакаи кориашро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро азхуд намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад. Илм ҳамеша дар ҳоли ҳаракату пешрафт аст ва табиби муваффақ бояд ҳамеша дар омӯзиш бошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий