Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, ҷаласа таҳти ҳамраисии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов доир шуд.
Дар ҷаласа масъалаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва равобити байниминтақавии Тоҷикистону Беларус, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва Харитаи роҳ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳуҷҷати мазкур татбиқи маҷмуи чорабиниҳои муштаракро пешбинӣ намуда, ба густариши равобити дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат равона гардидааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)