Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Аз 23 то 26 июли соли 2026 дар шаҳри Пскови Федератсияи Русия Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» доир гардид. Дар ин фестивал аз Тоҷикистон филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши озмунии филмҳои байналмилалии кинофестивал барои дарёфти Шоҳҷоиза 9 филм аз кишварҳои ҷаҳон манзури тамошобинон гардид. Дар маҷмуъ бо назардошти бахшҳои гуногуни кинофестивал 100 филм ба намоиш гузошта шуд.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 14 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 10 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Асар аз рӯзгори Далер –тарбиятгирандаи мактаб–интернат, ки барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.
Филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои май-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст.
Дар нақшҳои марказии филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дар филм манзараҳои зебои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои мошингард, рушди шаҳри Душанбе, табиати кӯҳистони водии Зарафшон, мавзеи кӯҳсори Муъминобод ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши ҷаҳонии филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Шеленгели Олмон 3 октябри соли 2025 баргузор гардида буд.
Сарчашма:Khovar.tj

Комментарии (0)