< Даромад, кӯдакон, андоз ва симкортҳо. Раисҷумҳури Русия қонунҳоеро, ки талабот ба муҳоҷиронро сангинтар мекунанд, ба имзо расонид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даромад, кӯдакон, андоз ва симкортҳо. Раисҷумҳури Русия қонунҳоеро, ки талабот ба муҳоҷиронро сангинтар мекунанд, ба имзо расонид

Даромад, кӯдакон, андоз ва симкортҳо. Раисҷумҳури Русия қонунҳоеро, ки талабот ба муҳоҷиронро сангинтар мекунанд, ба имзо расонид
Президенти Русия Владимир Путин бастае қонунҳоеро ба имзо расонид, ки қоидаҳои будубош ва кори шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирон дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳад. Тавре хабаргузории ТАСС менависад, аз ҷумла, муҳоҷирон ба тасдиқи даромади кифоя, ки барои таъмини рӯзгори оилаи худ, ки дар Русия иқомат мекунанд ва ё таҳти саробонии ӯ қарор доранд, уҳдадор мешаванд.
Дар бораи талаботи нав ва ба киҳо дахл доштани онҳо маълумот медиҳем.
Сатҳи ҳатмии даромадТаъминоти молиявии кормандони хориҷӣ яке аз тағйироти калидӣ дар ин самт ба шумор мераванд. Аз 1 январи соли 2027 муҳоҷири корӣ бояд тасдиқ кунад, ки барои таъмини рӯзгори на танҳо худаш, балки аъзо оилааш, ки дар Русия иқомат мекунанд ва таҳти саробонии ӯ қарор доранд, қодир аст. Даромади ҳадди ақалл бояд на камтар аз нишондиҳандаи ҳадди ақалли зисти минтақа, ки ба коэффисиенти муайянгардида зарб зада шудааст, баробар бошад.
Агар даромад аз сатҳи муқарраргурдадида паст бошад, чунин паёмадҳо дорад:
  • муҳлати патент ё иҷозатномаи кори шаҳрванди хориҷиро дароз намекунанд;
  • пас аз қатъи амали ҳуҷҷатҳо, ӯ уҳдадор мешавад, ки қаламрави Русияро тарк кунад;
  • ҳамроҳи ӯ кишварро бояд кӯдакони ноболиғаш низ тарк кунанд;
  • барои тарк кардан 15 рӯз вақт дода мешавад.
Владимир Путин. Акс аз хабаргузории РИА Новости


Муҳоҷиронро ба тасдиқи ҳамасолаи даромади худ уҳдадор мекунанд.Ба ҷуз табодули маълумот байни вазорату идораҳо, муҳоҷирон уҳдадор мешаванд, ки даромади худро тасдиқ кунанд. Зимни огаҳиномаи ҳамасола барои қомат дар Русия яке аз чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст:
  • маълумотнома дар бораи даромад;
  • нусхаи эъломияи андоз;
  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ).
Мақомоти андоз маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷиро дар се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳи тақвимӣ ба таври худкор ба ВКД пешниҳод мекунанд.
Низоми нав ба ниҳоду идораҳо ҷиҳати санҷиши фаврии мувофиқати сатҳи даромад ба талаботи муқарраршуда имкон медиҳад.
Асосҳои нав барои бекор кардани Иҷозаи зисти муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зистМувофиқи қонун, номгӯйи сабабҳое, ки тибқи он шаҳрвнади хориҷи метавонад аз Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) маҳрум гардад, васеъ мешавад. Акнун чунин ҳолатҳо низ метавонанд барои бекор кардан асос шаванд:
  • мавҷуд набудани маълумот дар бораи даромад;
  • даромади пасттар аз нишондиҳандаи ҳадди ақалли зист ба ҳисоби ҳар як узви оила.
Барои шаҳрвнадони хориҷие, ки назди шахсонеи воқеӣ кор мекунанд, масалан ба ҳайси коргар дар хона, касалбон, ёварон дар хоҷагӣ ва иҷрокунандагони дигар корҳои рӯзгор низ ҳамин гуна талабот ҷорӣ мешавад.



Қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон тағйир меёбандМувофиқи қонун, барои иқомати кӯдакони кормандони хориҷӣ дар Русия шартҳои нав ҷорӣ мешаванд. Акнун кудак танҳо дар чунин ҳолатҳо метавонад дар Русия ҳузур дошта бошад:
  • то замоне, ки иҷозатномаи кори волидайнаш амал мекунад;
  • бо шарте, ки барои ӯ низ маблағи сабтшудаи пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ пардохт мешавад.
Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ кӯдак уҳдадор аст ё қаламрави Русияро дар муддати 30 рӯз тарк кунад ва ё дар ин муҳлат барои гирифтани патент барои худаш ариза диҳад.
Барои мутахассисони баландихтисос низ талабот тағйир дода мешавадДар қонун андозаи ҳадди ақалли маош барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мақоми мутахассиси баландихтисос довталабӣ мекунанд, муайян карда мешавад.
Андозаи музди меҳнат ҳамроҳ бо таҷрибаи кор, маҳорату малакаҳои касбӣ ва дастовардҳои корманди хориҷӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Қоидаҳои нав доир ба андоз аз даромади шахсони воқеӣБо қонуни ҷудогона ба Кодекси андози Русия тағйирот ворид карда шудааст.
Доираи шаҳрвандони хориҷӣ, барои пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) уҳдадоранд, васеъ карда мешавад. Қаблан ин уҳдадороӣ асосан ба дорандагони патенти корӣ дахл дошт.
Акнун хориҷиёне, ки назди шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва хонаводагие, ки ба  фаъолияти соҳибкорӣ марбут нест, кор мекунанд,ба пардохти маблағи пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ уҳдадор мешаванд.
Андозаи маблағҳои пешпардохт барои шаҳрвандони хориҷии машғул ба кор назди шахсони воқеӣ 1700 рублро барои ҳар моҳи будубош дар Русия ташкил медиҳад.
Барои коргарон дар ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, нотариус, адвокатҳо ва дигар мутахассисон андозаи пардохт пешина боқӣ мемонад — 1200 рубл дар як моҳ.
Барои аъзои оила пардохт кардан лозим меоядАгар дар таъминоти шаҳрванди хориҷӣ аъзои оилаи мансуб ба категорияҳои алоҳида қарор дошта бошанд, андозаи маблағи сабтшудаи пешпардохтаз аз рӯи андоз аз даромади шахсони воқеӣ зиёд карда мешавад.



Ғайр аз ин, мақомоти қайди муҳоҷират фавран ба мақомоти андоз дар бораи иҷозаҳои зисти муваққатӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозаи зист маълумот пешниҳод мекунанд.
Қоидаҳои нави дарёфти симкортҳо барои хориҷиёнПрезидент ҳамчунин, қонунеро имзо кард, ки дар чунин ҳолатҳо барои ба шаҳрвандони хориҷӣ додани симкорт ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад:
  • бидуни зикри IMEI-и дастгоҳи мобилӣ;
  • дидаву дониста ворид намудани IMEI бо рамзи қалбакӣ.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки агар фурӯшанда аллакай ду бор дар давоми сол барои қонуншиканиҳои ба ин монанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад ё қаблан барои чунин ҷиноят маҳкум шуда бошад.
Навовариҳо кай ҳукми қонунӣ мегиранд?Аксарияти талаботи нав аз 1 -уми январи соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе муқаррарот пештар мавриди амал қарор мегиранд. Масалан, аллакай аз 1-уми октябри соли 2026 Хадамоти федералии андоз ба ВКД дар бораи даромади муҳоҷирони корӣ маълумот пешниҳод меку.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий