< Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид

Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
​Дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардида, ки бар асари селфароӣ зарар дида буданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар оилаи зарардида дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 6 садяк аз мавзеи бехавф ҷудо карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар айни замон дар ин мавзеъ сохтмони манзилҳои нави истиқоматӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар бо хонаҳои нав таъмин намудани оилаҳо корҳои сохтмонӣ вусъат гирифтаанд.

Раиси вилояти Хатлон ба ҳар оилаи зарардида 10 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва инчунин маҳсулоти мавриди  ниёзи аввал тақдим намуд.

Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор дошта, дар рӯзҳои душвору вазнин барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии шаҳрвандони зарардида тамоми имкониятро равона менамояд.

Сокинони зарардида барои дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки бо чунин ғамхорӣ ва дастгирӣ дар муҳлати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки 2 майи соли 2026 дар натиҷаи бориши шадиди борон, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар деҳаи Фурқат шусташавии замин ба амал омада, 12 манзили истиқоматии шаҳрвандон зери хатари ҷиддӣ қарор гирифт. Бо мақсади таъмини амнияти сокинон ва пешгирии пайомадҳои эҳтимолӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шуданд.


Сарчашма:Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий