< НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 191 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 191 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 191 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид
Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 10 июл зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра 28 корхона бо таъсиси 85 ҷойи кор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 65 корхона бо 453 ҷойи кор дар вилояти Суғд, 46 корхона бо 414 ҷойи кор дар вилояти Хатлон, 30 корхона бо 94 ҷойи кор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 22 корхона бо 114 ҷойи кор дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар ин давра зиёда аз 124,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Шералӣ Кабир гуфт, ки аз 191 корхонаи нави соли 2026 таъсисшуда 31 корхона дар соҳаи мошинсозӣ, 62 корхона дар соҳаи масолеҳи сохтмон, 32 корхона дар соҳаи саноати сабук ва пилла, 45 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, 9 корхона дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, 4 корхона дар соҳаи саноати ангишт, 7 корхона дар соҳаи саноати табъу нашр ва 1 корхона дар самти тақсимоти об фаъолият дорад.

Соли равон дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии босуръати мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи саноатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон ва истихроҷи ангишт ба истифода дода шуд.

Дар маҷмуъ, то 1 июли соли 2026 дар мамлакат 4002 корхонаи саноатӣ бо 890 ҳазору 59 ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2025 153 корхона зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки рушди соҳаи саноат дар мамлакат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади рушди соҳа барномаю стратегияҳо қабул гардидаанд. Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар мамлакат далели ин гуфтаҳост. Дар доираи татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат соли 2025 дар ҷумҳурӣ 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки саҳми онҳо дар таъсиси ҷойи нави кор, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин аз давлати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон муассир арзёбӣ мегардад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий