Вазири маориф: Омӯзгори латукӯбшуда дар Нуробод, ки ҷарима ҳам шуд, гунаҳкор буд
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар шарҳи қазияи Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгоре, ки аз латукӯб аз сӯи бародари яке аз шогирдонаш шикоят дошт, вале 1560 сомонӣ ҷарима шуд, гуфт, «нисбати хонанда аз таҳқир истифода бурдааст ва ин исбот ва алайҳаш чораҷӯйӣ шуд».
Ӯ имрӯз, 10-уми июл, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки «дар мурофиаи омӯзгор намояндагони Иттифоқи касаба ширкат кардаанд». Омӯзгор пештар дар суҳбат бо Азия-Плюс нигаронӣ карда буд, ки намояндагони Вазорати маориф ва илм, ки қаблан мегуфтанд, ӯро танҳо намегузоранд, дар «рафти ин қазия умуман дастгирӣ накарданд».
»Омӯзгор дар таълими хонанда масъулият дорад, истифода бурдани ҳақорат, суханҳои қабеҳ мумкин нест, инро исбот карданд ва додгоҳ нисбаташ қарор кардааст. Нисбати шахсе, ки омӯзгорро лутукӯб кардааст, низ чораҷӯйӣ шудааст. Ин маънои онро надорад, ки мо омӯзгоронро ҳимоя намекунем. Мо нагуфтем, ки аз омӯзгорӣ равад, хайр дар ҳолате, омадааст, ки гуфтааст имрӯз кор намекунам. Лекин ин маънои онро надорад, ки ҳамаи омӯзгоронамон гӯянд, ки аз мактаб дур мешаванд. Баръакс, сафи омӯзгорон зиёд шуд», — иброз дошт вазири маориф.
Равшан Каримзода, муовини вазири маориф илова кард, ки қазияи латукӯби омӯзгор «аз аввал таҳти назорати Вазорати маориф ва илм қарор дошт ва намояндагони ин ниҳод ба дидорбиниаш рафта, кӯмаки молӣ карданд».

Равшан Каримзода, asia+
»Тибқи моддаи 20-и Қонун «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» омӯзгор ҳуқуқу уҳдадориҳои зеринро дорад, аз ҷумла, одобу ахлоқи омӯзгориро риоя карда, дар раванди таълим нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром кунад. Дар баробари ин, Вазорати маориф аз хонандагон, волидайни онҳо ва шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар муносибат бо омӯзгорон эҳтиром, фарҳанги муошират ва масъулиятро риоя намоянд», — гуфт Каримзода.
Ӯ гуфт, ки мурофиаи омӯзгор «дар доираи қонун баргузор ва нисбаташ қарори зарурӣ» бароварда шудааст.
Қазияи латукӯби омӯзгор замоне расонаӣ шуд, ки ӯ бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ кард, ки шаби 8-уми май бародари яке шогирдонаш дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш ӯро латукӯб ва таҳдиди куштан кардааст. Аз шахси латукӯбкарда Миралӣ Орзуев ном бурд. Ин қазия боиси баҳс дар ҷомеаву хостори муҷозоти муштзӯр дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Миралӣ Орзуев то ин лаҳза қазияро шарҳ надодааст ва назари ӯву пайвандонаш дар ин робита номаълум аст.
Омӯзгор баъдтар гуфт, мақомот дар пайи шикояти Маҳмадризо Орзуев, падари хонандае, ки омӯзгор аз таҳсили ӯ ба бародараш шикоят карда буд, алайҳи худи ӯ парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд. Муҳимҷон Раҳмонов он вақт эътироф кард, ки дарвоқеъ ба духтари Орзуев «танҳо як сухани қабеҳ гуфтам».
Пасон, Додгоҳи ноҳияи Нуробод худи омӯзгорро барои «иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи кӯдак» гунаҳор ва нисбаташ 1560 сомонӣ ҷарима таъин кард. Бо қарори додгоҳ Орзуев 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд. Қарори онҳо нисбати онҳо рӯзи 3-юми июн содир шуд.
Баъди қарори додгоҳ, Муҳимҷон Раҳмонов ба «Азия-Плюс» гуфт, «дилам аз касби омӯзгорӣ сард шуд, мехоҳам аз кор истеъфо диҳам ва ҳамин тариқ, тарки соҳа кунам». Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби «Охир маро гунаҳкор карданд». Омӯзгори латукӯбшуда дар Нуробод баъди ҷарима шудан мехоҳад, тарки соҳа кунад», мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)