< Шаби дуюми даргирӣ миёни Амрико ва Эрон баъди имзои Ёддошти тафоҳум » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шаби дуюми даргирӣ миёни Амрико ва Эрон баъди имзои Ёддошти тафоҳум

Шаби дуюми даргирӣ миёни Амрико ва Эрон баъди имзои Ёддошти тафоҳум
Бо гузашти 20 рӯз аз имзои Ёддошти тафоҳум миёни Амрико ва Эрон, шаби дуюм аст, ки ин ду кишвар ба ҳамдигар ҳамла мекунанд. Ҳарчанд ин ҷонибҳо аз рӯзи аввали имзои Ёддошти тафоҳум ҳамдигарро ба нақзи бандҳои он муттаҳам мекарданд, аммо дирӯз, пас аз ҳамлаи Амрико ба чанд минтақаи соҳилӣ ва ҷазираи Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба он, таниш миёни ду кишвар авҷ гирифт.

Амрико шаби 9-уми июл ба чанқ нуқтаи Эрон, аз ҷумла ба шаҳрҳои соҳилии Бандар Аббос, Бушаҳр, Абумусо, Эроншаҳр, Сирик, Чобаҳор, Қишм ва Хорк ҳамла ҳавоӣ анҷом додааст. Расонаҳои эронӣ иттилоъ додаанд, ки ин ҳамлаҳо чанд кушта ва захмӣ дорад.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) иддао кард, ки нерӯҳояш ба 90 ҳадаф дар Эрон ҳамла кардаанд. Ба қавли ин ниҳод, дар ин ҳамлаҳо «низоми дифои ҳавоӣ, шабакаҳои фармондеҳӣ ва назорати соҳилӣ, анборҳои мушакӣ ва паҳподӣ, сомонаҳои соҳилии радарӣ ва зерсохтҳои нақлиётии низомӣ» ҳадаф қарор гирифтаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хусуси ҳамлаҳои шаби гузашта гуфтааст, «ҳар боре, ки онҳо ба мо ҳамла кунанд, мо 20 баробари онҳо ҳамла мекунем».

Ӯ ҳангоми баргашт аз нишасти НАТО, ки дар Туркия баргузор шуд, дар ҳавопаймо ба хабарнигорон гуфтааст, табодули ҳамлаҳо «намешавад гуфт, ки ҷанг аст» ва эрониҳо бисёр «моиланд» ба тавофуқ бирасанд. Трамп рӯзи гузашта дар ҳошияи нишасти НАТО бо таҳдиди ҳамлаҳои нав ва густарда ба Эрон гуфта буд, ки «тавофуқ бо Эрон поён ёфтааст».
Ба иттилои хабаргузории «Садо ва симо» дар ҳамла ба фурудгоҳи Эроншаҳр як кас кушта шудааст. Ҳамчунин, дар ҳамла ба вилояти Хузистон се нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоти исломии Эрон эълон кард, ки Амрико ба ду пули роҳи оҳан аз шарқи Эрон ба самти шаҳри Машҳад зарба задааст, ки қарор аст, имрӯз онҷо Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ дафн шавад.

Хабаргузории «Форс» бо нашри аксе гуфт, ин аввалин зарба ба зерсохтҳои ғайринизомӣ пас аз имзои тафоҳумнома аст ва бар асари он қатори роҳи оҳани «Теҳрон-Машҳад» аз ҳаракат боз мондааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 8-уми июли Иёлоти Муттаҳида ба Эрон 8 тан кушта шудаанд.

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, ки дар ду рӯзи ахир, дар пайи ҳамлаҳои Амрико 14 кас кушта шуда, 78 тан ҷароҳат бардоштаанд.
Дар посух ба ин ҳамлаҳо Сипоҳ гуфт, таъсисоти амрикоиро дар Кувайт, Қатар ва Баҳрайн ҳадаф қарор дод. Аз ҷумла сомонаи зиддиҳавоии «Патриот» дар Кувайт, сомонаи моҳвораӣ дар Қатар ва анбори маводи сӯхти артиши Амрико дар Баҳрайн ҳадафи мушаку паҳподи нерӯҳои эронӣ буданд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси парлумони Эрон ва роҳбари гурӯҳи музокироти Эрон дар паёме дар шабакаи X навишт, «тангаи Ҳурмуз фақат бо „тартиботи эронӣ“ боз мешавад, на бо таҳдидҳои амрикоӣ».

Амирсаид Ирвонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Созмони миллали Муттаҳид дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба Эрон ба раиси Шӯрои амният ва дабири кулли СММ номаи эътирозӣ фиристодааст.

«Амрико бори дигар бо нақзи ошкори маншури СММ ва тааҳудоти байналмилалии худ, ҳамлаҳои низомии густардаеро алайҳи ҳокимият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз кардааст» ва таъкид кардааст, ки ин ҳамлаҳои нақзи банди аввали тафоҳумномаи имзошуда байни Амрико ва Эрон аст.

Ин табодули ҳамлаҳо дар атрофи тангаи Ҳурмуз боиси он шуд, ки қимати нафт ба болотарин сатҳ дар давоми се ҳафтаи охир расад. Ҳоло нархи як бушка нафти «Брент» ба 79 доллар расидааст.
Рӯзи гузашта низ, Амрико ба Эрон ҳамла карда буд ва нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба таъсисоти амрикоӣ дар Баҳрайну Кувайт зарба зад, ки ҷузъиёти онро метавонед дар ин пайванд хонед.

Сарчашмаи баҳси ин ду кишвар чист ва чаро онҳо ба ҳамдигар ҳамла мекунанд? Дар ин пайванд муфассал хонед.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий