Озодии беш аз 1000 нафар аз зиндони Ёвон
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, сокинони зиёде ба пешвози наздикони озодшудаи худ рафтаанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи душанбе аз зиндони низомаш умумии рақами 3 дар ноҳияи Ёвон 1120 нафар раҳо шуд.
Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи раҳоии зиндониён посух надоданд.
Ба ин маросим хабарнигорони мустақил даъват нашудаанд. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, танҳо хабарнигорони шабакаҳои давлатӣ барои таҳияи гузориш ба зиндони Ёвон рафта, лаҳзаи озодии маҳбусонро сабт карданд.

Қонун дар бораи афв рӯзи 16-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд. Бар асоси он, бояд 18 ҳазор кас аз боздоштгоҳу зиндон ё аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд.
Аз замони қабули қонун, ин аввалин раҳоии дастаҷамъии маҳкумшудагон аз як зиндони Тоҷикистон аст.
Аммо қонуни афв нисбат ба баъзе аз сиёсатмадорону мухолифон ва фаъолони зиндонӣ татбиқ нахоҳад шуд. Касоне, ки ҳабси абад шудаанд ё бо айбномаи хиёнат ба давлат ва ҷиноятҳои дигари вазнин, ки худашон ва наздиконашон беасос медонанд, дар зиндон ҳастанд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)