< Қолибоф: “Иҷоза намедиҳем Амрико дар тангаи Ҳурмуз дахолат кунад” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қолибоф: “Иҷоза намедиҳем Амрико дар тангаи Ҳурмуз дахолат кунад”

Қолибоф: “Иҷоза намедиҳем Амрико дар тангаи Ҳурмуз дахолат кунад”
​Хабаргузории «Тасним» рӯзи ҷумъа, 3-уми июл, гузориш додааст, ки Қолибоф ин мавзуъро дар дидор бо ҳайати чинӣ, ки барои иштирок дар маросими бахоксупории пайкари Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, ба Теҳрон сафар кардааст, баён намудааст.

Бар асоси гузориш, Қолибоф гуфтааст, ки дар сафар ба Умон, бар асоси моддаи панҷуми тафоҳумномаи Исломобод, бо мақомҳои он кишвар тавофуқ шудааст, ки тарзи танзими рафтуомадҳо дар тангаи Ҳурмуз сомондиҳӣ шавад.

Ӯ афзудааст, ки Теҳрон дар заминаи сомондиҳии рафтуомад дар тангаи Ҳурмуз бо кишварҳои соҳилии Халиҷи Форс машварат хоҳад кард.
Қолибоф гуфтааст, ки Исроил ба дунболи барҳам задани тафоҳумномаи Эрон ва Амрико аст.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои охир Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) аз раҳбарии як гуфтугӯи амниятии минтақавӣ бо иштироки 12 кишвар дар Баҳрайн хабар дода ва гуфтааст, ки дар ин нишаст бар озодии тиҷорат ва киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз таъкид шудааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий