Бақоӣ нишасти амниятӣ ба раҳбарии Амрико дар Баҳрайнро “намоишӣ” хонд
Бақоӣ рӯзи панҷшанбе, 2-уми июл, дар саҳифаи «Х» навиштааст, ки Амрико борҳо нишон додааст, ки ба сулҳи воқеӣ дар Ғарби Осиё бетаваҷҷуҳ аст ва чунин нишастҳо чизе ҷуз «намоиши сиёсӣ» нест.
Бақоӣ ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаро муттаҳам кардааст, ки ҳадафаш пинҳон кардани сиёсатҳои «беэътидолкунанда» дар минтақа аст ва аз кишварҳои минтақа хостааст нисбат ба паёмадҳои ин сиёсатҳо ҳушёр бошанд.
Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон низ, дар вокуниш ба гуфтугӯҳои амниятии минтақавӣ дар Баҳрайн гуфта буд, ки нишасти низомӣ наметавонад барои Халиҷи Форс низоми ҳуқуқӣ ва амният эҷод кунад.
Ин нишаст бо ҳузури мақомҳои аршади низомии 12 кишвари Ховари Миёна ва Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) дар бораи ҳамкориҳои дифоӣ ва амнияти дарёӣ баргузор шудааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)