< Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар кард. Дар Эрон маросими видоъ бо пайкари Алии Хоманаӣ оғоз мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар кард. Дар Эрон маросими видоъ бо пайкари Алии Хоманаӣ оғоз мешавад

Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар кард. Дар Эрон маросими видоъ бо пайкари Алии Хоманаӣ оғоз мешавад
Имрӯз, 3-юми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон «барои анҷоми боздиди корӣ» ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфт, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масоили робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳарчанд дафтари матбуоти раисҷумҳур мушаххасан зикр накардааст, аммо ду рӯз пеш Сафорати Эрон дар Душанбе хабар дод, ки раисҷумҳури Тоҷикистон «дар маросими расмии адои эҳтиром ва видоъ» бо пайкари Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ ширкат хоҳад кард.

Хабаргузории эронии «Тасним» низ, рӯзи 1-уми июл навишт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим ҳузур хоҳад дошт.
Тибқи иттилои дастрас, дар назар аст, дар маросими видоъ аз Тоҷикистон ҳамчунин, як ҳайати расмӣ ва гурӯҳе аз фарҳангиёну рӯҳониён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок кунанд.

Тибқи иттилои мақомоти расмии Эрон, маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ дар се шаҳр сурат гирифта, чанд рӯз давом мекунад.
Аз ҷумла, рӯзҳои 4-5-уми июл маросими видоъ ва рӯзи 6 июл ташъия (гусели)-и ҷаноза дар Теҳрон баргузор мешавад. Ҳамчунин, рӯзи 7 июл дар шаҳри Қум маросими ташъия сурат гирифта, як рӯз дар Ироқ низ бо ӯ чунин маросим баргузор мешавад ва рӯзи 9-уми июл пайкари Алии Хоманаӣ дар Машҳад ташъия ва дафн карда мешавад.

Бояд гуфт, Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумурии Исломӣ рӯзи 28-уми феврал дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба хоки Эрон бо чанде аз аъзои хонавода, аз ҷумла, духтар, домод, келин ва як наберааш дар Теҳрон, дар дафтари кориаш кушта шуд. Баъди марги ӯ, писараш Муҷтабо Хоманаӣ роҳбари олии Эрон интихоб шуд.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий