Президент дар мавриди татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи пахтакорӣ, кирмакпарварӣ ва рушди китобхонаҳо дар деҳот дастуру супоришҳо дод.
Сарвари давлат аз хидматҳои Мирзонабот ёдовар шуда, ӯро фарзанди содиқи Ватан номид ва поси хотири ӯро арҷгузорӣ намуд.
Пас аз ин ҳукумат як қатор барномаҳои давлатиро, ки ба рушди иқтисод ва бахши иҷтимоӣ равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокчиёни маҷлис гузориши вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзодаро дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 шуниданд.

Ҳаким Қурбонзода. Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат
Дар ин барнома навозии кори соҳа, ҷорисозии кишти навъҳои нави пунбадона, баланд бардоштани имконоти кадрӣ ва фароҳам сохтани шароит барои афзоиши истеҳсол ва содироти маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки он ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пилла, ҷалби сармоягузорӣ, навсозии коркард ва рушди имконоти содиротии соҳа нигаронида шудааст.
Ба Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зикр шуд, ки дар он муҷаҳҳаз сохтани ктобхонаҳо бо техникаи компютерӣ, пайваст намудани онҳо ба интернет, таъсиси фондҳои электронии китобҳо, баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ пешбинӣ шудааст.





" " Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат
Ғайр аз ин, дар маҷлиси ҳукумат Нақшаи кор барои нимсолаи дуюми соли 2026, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи омори расмӣ», лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Кристалл грин гласс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон ва дастгирии Фонди рушди сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ғайр аз ин, дар маҷлиси ҳукумат Нақшаи кор барои нимсолаи дуюми соли 2026, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи омори расмӣ», лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Кристалл грин гласс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон ва дастгирии Фонди рушди сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар фароварди кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини амлисозии барномаҳои қабулшуда, таҳияи тадбирҳо оид ба пешбурди фарҳанги сулҳ дар доираи қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», инчнуин тақвияти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо дод.
Сарчашма: asiaplus.news
Пас аз ин ҳукумат як қатор барномаҳои давлатиро, ки ба рушди иқтисод ва бахши иҷтимоӣ равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокчиёни маҷлис гузориши вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзодаро дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 шуниданд.

Дар ин барнома навозии кори соҳа, ҷорисозии кишти навъҳои нави пунбадона, баланд бардоштани имконоти кадрӣ ва фароҳам сохтани шароит барои афзоиши истеҳсол ва содироти маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки он ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пилла, ҷалби сармоягузорӣ, навсозии коркард ва рушди имконоти содиротии соҳа нигаронида шудааст.
Ба Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зикр шуд, ки дар он муҷаҳҳаз сохтани ктобхонаҳо бо техникаи компютерӣ, пайваст намудани онҳо ба интернет, таъсиси фондҳои электронии китобҳо, баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ пешбинӣ шудааст.





Дар фароварди кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини амлисозии барномаҳои қабулшуда, таҳияи тадбирҳо оид ба пешбурди фарҳанги сулҳ дар доираи қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», инчнуин тақвияти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо дод.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)