< Ҳушдори Русия ба Сеул дар бораи таҳрикоти низомӣ бо ИМА алайҳи Кореяи Шимолӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳушдори Русия ба Сеул дар бораи таҳрикоти низомӣ бо ИМА алайҳи Кореяи Шимолӣ

Ҳушдори Русия ба Сеул дар бораи таҳрикоти низомӣ бо ИМА алайҳи Кореяи Шимолӣ
​Вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе пас аз дидори муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко бо сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Маскав Ли Сок Пэ, дар баёнияе изҳор доштааст, ки нигаронии ҷониби Русия аз идомаи тамринҳои муштараки низомии Сеул ва Вашингтон ба мақомоти Кореяи Ҷанубӣ расонида шудааст.

Дар ин баёния омадааст, ки идомаи чунин фаъолиятҳои низомӣ дар наздикии марзҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея танҳо ба афзоиши танишҳо дар минтақа мусоидат карда, иқдоми таҳриккунанда арзёбӣ мешавад.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин, аз он изҳори таассуф кардааст, ки бо вуҷуди изҳори хоҳиши Сеул барои ба эътидол овардани равобит бо Маскав, Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно аз мавқеъҳои зиддирусии кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, пуштибонӣ мекунад. Маскав аз Сеул даъват кардааст, ки аз сиёсати фишор ва таҳрим алайҳи Пхенян даст кашида, изҳороти худ дар бораи сулҳро бо иқдомҳои амалӣ ҳамоҳанг созад.

Ҳамзамон, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия, дар вокуниш ба баёнияи муштараки раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ изҳор доштааст, ки Маскав зарурате барои посух додан ба интиқодҳои беасос дар бораи ҳамкориҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ намебинад.

Вай таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои Маскав ва Пхенян мутобиқ ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сурат гирифта, талошҳо барои бадном кардани ин равобит асоси воқеӣ надоранд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий