< Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид

Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, лоиҳаи низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Русия тавассути ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ЮНИДО маблағгузорӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳа ба рақамиикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содагардонии расмиёти маъмурии онҳо, баланд бардоштани шаффофият, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва ҷалби бештари сармоягузорону соҳибкорон ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Санадро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Директори генералии ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ЮНИДО Герд Мюллер ба имзо расониданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий