Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар ҳамоиш нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон махсус таъкид карда шуд.
Иштирокдорон аҳамияти ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи рушди устувори давлат, пешрафти ҷомеа ва таҳкими Истиқлоли ҷумҳурӣ маънидод намуданд.
Таъкид шуд, ки имрӯз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои зиндагии шоистаи мардум ва рушди устувори ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам омадааст. Барои ҳифзи арзишҳои муқаддаси ваҳдат, сулҳ ва пешрафти Ватан ҳар як шахс бояд саҳми арзандаи худро гузорад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)