Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоя барои амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуда, имкониятҳои тавсеаи ҳамкориро дар ин самтҳо баррасӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд бо фонд барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи равобити шарикӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави муштарак таъкид кард.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)