< Фаврӣ: Вакилони парлумони Тоҷикистон қонуни афвро қабул кардаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фаврӣ: Вакилони парлумони Тоҷикистон қонуни афвро қабул кардаанд

Фаврӣ: Вакилони парлумони Тоҷикистон қонуни афвро қабул кардаанд
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи афв"-ро баррасӣ ва қабул кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон будини ироаи ҷузъиёт хабар додааст, ки дар ҷаласаи навбатии парлумон «лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул карда шуд».
                                    "                                          
Як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» гуфт, ки лоиҳаи қонуни афв қабул шуда, пас аз анҷоми расмиёт мунташир мешавад. Манбаъ гуфт, ки ин лоиҳа, афви зиндониёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки моҳи сентябр таҷлил мешавад, дар назар дорад, вале мушаххас нагуфт, ки чанд кас афв хоҳанд шуд.
                                         
Акси марбут аз Додгоҳи ноҳияи Ёвон


Тиби иттилои дастрас, қонунро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Воҳидзода Ҳабибулло, додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.
Ҳамчунин, масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи парлумон, Маҳмудзода Насрулло, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Рустам Латифзода , раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Ғанизода Шуҳрат, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор шарҳу тавзеҳ додаанд.

Ёдовар мешавем, ки бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ афви саротосари эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.

Баъд аз ин, танҳо як маротиба, 20-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон «бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон» фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий