< Ҳамлаи густардаи артиши Русия ба шаҳри Киев » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳамлаи густардаи артиши Русия ба шаҳри Киев

Ҳамлаи густардаи артиши Русия ба шаҳри Киев
​Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки Русия дар ин ҳамла аз 56 мушак ва 675 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин истифода кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, 41 мушак ва 652 паҳпод нобуд карда шуд.

Тибқи иттилои ахири мақомоти Украина, дар шаҳри Киев ду нафар ба ҳалокат расида, қариб 40 каси дигар захмӣ шудааст. Дар миёни маҷруҳшудагон як кӯдаки якмоҳа низ ҳаст.

Виталий Кличков, шаҳрдори Киев гуфт, дар ҳамлаи Русия як баландошёна иборат аз 18 манзил хароб шуд. Наҷотдиҳандагон то ҳол аз зери харобаҳо одамонро ҷустуҷӯ доранд.

Дар пайи ҳамлаи Русия сокинони як қисмати Киев ба камбуди об дучор шуданд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий