Посухи Эрон аз сӯи Трамп рад шуд. Бақоӣ: “Посух ба пешниҳоди Амрико одилона буд”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе, 11-уми май дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки посухи Теҳрон ба пешниҳоди Амрико барои поён додан ба ҷанг «одилона ва саховатмандона» буд.
Бақоӣ афзуд: «Хости поён додан ба ҷанг, рафъи муҳосира ва дуздии дарёӣ ва озодсозии дороиҳои Эрон, ки ба таври ноодилона дар бонкҳо ба далели фишорҳои Амрико масдуд шудаанд, аз ҷумлаи ин талабот буд».
Ба гуфтаи ӯ, бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва эҷоди амният дар Лубнон аз дигар талаботи Эрон дар посух ба пешниҳоди Амрико будааст.
Трамп пас аз дарёфти посухи Эрон, онро ғайриқобили қабул хондааст.
Ин дар ҳолест, мақомҳои амрикоӣ пештар эълом карда буданд, ки мунтазири посухи Эрон ба пешниҳоди Вашингтон ҳастанд то сарнавишти музокирот ва таваққуфи даргириҳо мушаххас шавад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)