Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
Қабули қатъномаи мазкур дастоварди муҳими навбатии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, идомаи мантиқии сиёсати дурбинонаи давлатии Президенти Тоҷикистон ба шумор меравад. Он ба баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари муҳими транзитии минтақа равона гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат на танҳо иштирокдори фаъоли равандҳои байналмилалӣ, балки яке аз кишварҳои созмондиҳандаи рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои калидии рушди устувор, аз ҷумла дипломатияи об, устувории иқлим, амнияти энергетикӣ, ҳамгироии нақлиётӣ ва ҳамкории минтақавӣ мебошад.
Эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистон
Солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои стратегии Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёбӣ намудааст. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарорҳои таърихии зерин қабул гардидаанд:
Ташаббуси нави нақлиётии Тоҷикистон дар ЭСКАТО
Қабули қатъномаи навбатӣ дар Иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО боз як далели равшани нақши пешсафонаи мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ гардид. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамоҳангии фаъолонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар назди ЭСКАТО таҳия гардид.
Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, рушди долонҳои устувори байналмилалии нақлиётӣ, рақамикунонии равандҳои логистикӣ, баланд бардоштани устувории занҷираҳои таъминот, ҷорӣ намудани роҳкорҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тавсеаи имконияти кишварҳои бе баромад ба баҳр равона шудааст.
Қатънома пурра ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ва инчунин ба санадҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт мутобиқ мебошад.
Аҳамияти махсус барои Тоҷикистон
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари бе баромад ба баҳр қабули ин қатънома аҳамияти стратегии махсус дошта, имконияти навро барои масъалаҳои зерин фароҳам меорад:
Тоҷикистон — ташаббускори ояндаи устувор
Қабули ин қатънома дар минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид гувоҳи равшани он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро, ки ба таъмини рушди устувор, сулҳ, робитапазирӣ ва шукуфоӣ равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон сиёсати хориҷии созандаро бо эътимод идома дода, обрӯву нуфузи байналмилалии давлатро таҳким мебахшад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзишманд мегузорад.
Ба хотири рушди устувори минтақа ва ҷаҳон
Қатъномаи нави ЭСКАТО марҳилаи сифатан нави ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт дар Осиё ва Уқёнуси Ором оғоз намуда, бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои эътирофшудаи пешсаф дар дипломатияи байналмилалии рушд буда, ташаббусҳои амалиро ба манфиати мардумони минтақа ва тамоми ҷаҳон пеш мебарад.
Сарчашма: khovar.tj

- Соли байналмилалии оби тоза (2003);
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015);
- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013);
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028);
- Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Таъсиси Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Ташкили Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Ташаббуси нави нақлиётии Тоҷикистон дар ЭСКАТО
Қабули қатъномаи навбатӣ дар Иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО боз як далели равшани нақши пешсафонаи мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ гардид. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамоҳангии фаъолонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар назди ЭСКАТО таҳия гардид.
Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, рушди долонҳои устувори байналмилалии нақлиётӣ, рақамикунонии равандҳои логистикӣ, баланд бардоштани устувории занҷираҳои таъминот, ҷорӣ намудани роҳкорҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тавсеаи имконияти кишварҳои бе баромад ба баҳр равона шудааст.
Қатънома пурра ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ва инчунин ба санадҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт мутобиқ мебошад.
Аҳамияти махсус барои Тоҷикистон
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари бе баромад ба баҳр қабули ин қатънома аҳамияти стратегии махсус дошта, имконияти навро барои масъалаҳои зерин фароҳам меорад:
- ҳамгироии минбаъда ба шабакаҳои минтақавӣ ва байналмилалии нақлиётӣ;
- густариши ҷуғрофияи дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ;
- суръат бахшидан ба рушди иқтидори транзитии кишвар;
- ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ ва маблағҳои рушд;
- навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ;
- рақамикунонии бахши нақлиёт;
- баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ.
Тоҷикистон — ташаббускори ояндаи устувор
Қабули ин қатънома дар минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид гувоҳи равшани он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро, ки ба таъмини рушди устувор, сулҳ, робитапазирӣ ва шукуфоӣ равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон сиёсати хориҷии созандаро бо эътимод идома дода, обрӯву нуфузи байналмилалии давлатро таҳким мебахшад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзишманд мегузорад.
Ба хотири рушди устувори минтақа ва ҷаҳон
Қатъномаи нави ЭСКАТО марҳилаи сифатан нави ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт дар Осиё ва Уқёнуси Ором оғоз намуда, бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои эътирофшудаи пешсаф дар дипломатияи байналмилалии рушд буда, ташаббусҳои амалиро ба манфиати мардумони минтақа ва тамоми ҷаҳон пеш мебарад.
Сарчашма: khovar.tj
Комментарии (0)