< ЮНИСЕФ: Афғонистон то соли 2030 бо камбуди 25 ҳазор корманди зан дар бахшҳои омӯзиш ва тандурустӣ рӯбарӯ мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ЮНИСЕФ: Афғонистон то соли 2030 бо камбуди 25 ҳазор корманди зан дар бахшҳои омӯзиш ва тандурустӣ рӯбарӯ мешавад

ЮНИСЕФ: Афғонистон то соли 2030 бо камбуди 25 ҳазор корманди зан дар бахшҳои омӯзиш ва тандурустӣ рӯбарӯ мешавад
​Дар гузориши тозаи ЮНИСЕФ, ки 28-уми апрел нашр шудааст, омада, ин маҳдудиятҳо ҳамакнун низ кӯдаконро аз омӯзиш ва хидматрасониҳои тандурустӣ маҳрум карда ва бар иқтисод таъсири манфӣ гузоштааст.

Бар асоси гузориш, беш аз як миллион духтар аз замони мамнуияти омӯзиш тавассути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021 аз ҳаққи омӯзиш маҳрум шудаанд ва дар сурати идомаи ин вазъият, ин рақам то соли 2030 ба беш аз 2 миллион тан хоҳад расид.

Дар гузориш омада, ки Афғонистон бо як буҳрони дугона рӯбарӯ аст: аз як сӯ неруҳои мутахассиси занро аз даст медиҳад ва аз сӯи дигар, имкони тарбияи насли нав барои ҷойгузинии онҳо маҳдуд шудааст.

ЮНИСЕФ гуфта, ки то соли 2030 мумкин аст ҳудуди 20 ҳазор муаллими зан ва зиёда аз 5 ҳазор корманди зани бахши тандурустӣ аз даст бираванд.

Дар ин гузориш ҳамчунин, омадааст, ки коҳиши шумори кормандони зан дар бахши тандурустӣ метавонад дастрасии занон ба хадамоти дармонӣ, ба вижа дар бахши солимии модар ва кӯдакро маҳдуд кунад.

ЮНИСЕФ таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳо бар омӯзиш ва кори занон солона ҳудуди 84 миллион доллар ба иқтисоди Афғонистон зиён ворид мекунад.

Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, маҳдудиятҳои густурдае бар омӯзиш ва кори занон ҷорӣ кардаанд.
Бар бунёди ин маҳдудиятҳо, омӯзиши духтарони болотар аз синфи шашум мамнуъ шудааст ва занон аз кор дар бисёре аз идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатии Афғонистон манъ шудаанд.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий