Русияву Узбекистон то охири сол шартномаи сохтмони НБА-ро имзо мекунанд
Узбекистону Русия мумкин аст, то охири сол шартномаи сохтмони Неругоҳи барқии атомӣ ё ҳастаиро имзо кунанд. Дар ин бора Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, мудири кулли оҷонсии "Узатом" хабар дод."Мо нақшаи тасдиқшуда дорем. Бар асоси он шартнома то охири сол бояд имзо шавад", - гуфт Мирзомаҳмудов.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар сафари ҳафтаи гузаштааш ба Узбекистон гуфт, ки ҷонибҳо сари макони сохтмони неругоҳ ба созиш расиданд. Аммо то кунун макони сохтмони неругоҳ ошкор нашудааст.
Ба гуфтаи Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, нахустин қисмати неругоҳ дар соли 2028 ва қисмати дувум дар соли 2030 ба истифода дода мешавад.
"Бино ба таҳлилҳои мо, талаботи Узбекистон ба барқ ду баробар афзуда, ба 170 млрд киловат/соат мерасад. Неругоҳи ҳастаӣ 15-16% ин талаботро таъмин мекунад", - гуфт мудири "Узатом".
19 октябри соли 2018 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои русаш Владимир Путин бо пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар Ҷиззахи Узбекистон оғоз бахшиданд.
Комментарии (0)