< Собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамлаҳо ба Теҳрон захмӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамлаҳо ба Теҳрон захмӣ шуд

Собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамлаҳо ба Теҳрон захмӣ шуд
​Харрозӣ раиси Шӯрои раҳбурдии робитаҳои хориҷӣ аст ва ҳамчунин мушовири байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меравад.

Ба гузориши рӯзномаҳои «Шарқ», «Эътимод» ва «Ҳаммеҳан», хонаи ӯ дар Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлаҳое, ки ба Амрико ва Исроил рабт дода мешавад, ҳадаф қарор гирифт.

Ин расонаҳо афзудаанд, ки ӯ дар пайи ин ҳамла ба шиддат захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Камол Харрозӣ дар даврони президентии Муҳаммад Хотамӣ аз 20 августи соли 1997 то 24 августи соли 2005 вазири корҳои хориҷии Эрон буд.
Ду мақоми эронӣ субҳи панҷшанбе бан «Ню-Йорк Таймз» гуфтанд, ки Харрозӣ дар ҳоли пайгирии гуфтугӯ бо Покистон барои баргузории эҳтимолии дидор миёни мақомҳои эронӣ ва Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико будааст.

Ба гуфтаи ин мақомҳо, ҳадаф қарор додани Харрозӣ, ҳамчун талоше барои халалдор кардани раванди дипломатӣ хонда мешавад.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий