< Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд

Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
​Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр — Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Барномаи рангини ҳунарии устодон ва ҳаваскорони ин кишвар бозгӯ аз эҳтироми самимӣ нисбат ба меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро бо иродаи қавии сиёсии Сарони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбекистон солҳои охир барои таҳкиму тавсеи робитаҳои дӯстии мардумони бародари тоҷику узбек қадамҳои устувор гузошта шуда, бисёр тадбирҳои созанда амалӣ мегардад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий