< Путин бурдани пули нақд ва тилоро ба чанд кишвар маҳдуд кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин бурдани пули нақд ва тилоро ба чанд кишвар маҳдуд кард

Путин бурдани пули нақд ва тилоро ба чанд кишвар маҳдуд кард
​Сар аз якуми апрел шахсони воқеӣ иҷоза нахоҳанд дошт, ки аз Русия ба Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҳаҷми баробар бо 100 ҳазор доллар рубл баранд.

Танҳо мавридҳое истисно хоҳанд буд, ки интиқоли маблағ тавассути нуқтаҳои гумрукии фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва бо пешниҳоди маълумотнома аз бонк сурат мегирад.

Ҳамчунин аз 1-уми май барои берун бурдани тило дар шакли унс ва дар ҳаҷми беш аз 100 грамм ҳам маҳдудият ҷорӣ мешавад. Барои баровардани он иҷозатномаи махсус лозим хоҳад шуд.

Ин маҳдудият ба ҳама, чӣ шахсони воқеӣ ва чӣ соҳибкорон рабт дорад. Мақомот мегӯянд, «сабаб ҳифзи амният ва манофеи миллӣ аст.»


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий