< Трамп: Амрико "дар ҳоли музокира" барои поён додани ҷанг аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Трамп: Амрико "дар ҳоли музокира" барои поён додани ҷанг аст

Трамп: Амрико "дар ҳоли музокира" барои поён додани ҷанг аст
​Расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки эҳтимол ҳазорҳо сарбоз ба минтақа сафарбар шаванд. Нашрияи The New York Times ва Канали 12-и Исроил гуфтанд, Амрико ба Эрон нақшаи сулҳи иборат аз 15 шартро фиристод. Ҳанӯз ин хабарро дар Теҳрон ё Вашингтон расман шарҳ надоданд.
«Хоҳиши онро дорам, ки мо инро бе талаф додани ҷони бештар ва бе хароб кардани нерӯгоҳҳои 10-миллиарддолларии мавриди ситоиши бисёриҳо хотима дода тавонем».

The New York Times бо такя ба ду манбае, ки номаш фош нашудааст, навишт, маълум нест то куҷо нақшаи пешниҳодие, ки бо дасти Покистон расонида шудааст, тавони хатми пурраи низоъро дорад.

Канали 12-и Исроил бо такя ба се манбаъ гуфт, Вашингтон мехоҳад оташбаси якмоҳаи баррасии нақша эълон шавад ва дар ин муддат дар қатори чизҳои дигар, гулӯгоҳи Ҳурмуз боз шуда, барномаи ҳастаии Эрон, гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа нобуд карда шаванд ва таҳримҳои Теҳрон бекор гарданд.

Дар ҳоле, ки Эрон ҳамлаҳоро болои Исроилу кишварҳои Халиҷ ва муассисаҳои амрикоиҳо дар минтақа идома медиҳаду борикаи Ҳурмуз баста мемонад, Трамп мегӯяд, «ҷангро бурдаанд» ва Эрон «пурра мағлуб карда шуд».

Вале ҷанг аз шурӯи ҳамлаҳои ИМА ва Исроил болои Эрон дар таърихи 28-уми феврал бо ҳамон шиддат давом дорад. Матбуоти амрикоӣ бо такя ба манбаъҳои беном аз ирсоли ҳазорҳо сарбози дивизияи ҳавоии 82-юм ба Ховари Миёна хабар медиҳад.
The Wall Street Journal гуфт, Пентагон 3 ҳазор сарбоз фиристоданӣ аст. «Ин сарбозон ҳунари истифодаи чатрро дар хоки душман доранд"-, навишт ин нашрия.

Эрон болои Кувайту Исроил ҳамлаҳо анҷом дод ва мақомот гуфтанд, дар пайи ҳамлаи паҳбодҳо дар Телавив биное хароб шуда, шаш нафар маҷрӯҳ гаштанд. Кувайт гуфт, системаи дифои ҳавоияш «ба ҳамлаҳои мушаку паҳбод» вокуниш кард ва дар бораи дар ҳаво хунсо шудани онҳо хабар дод.

Инчунин рӯзи 24 март низомиёни ироқӣ Амрико ва Исроилро барои мавриди ҳадаф қарор додани қароргоҳи Нерӯҳои мардумӣ бо номи «Ҳашд-аш-Шаъбӣ» — як гурӯҳи ниманизомии ироқии мавриди ҳимояти Эрон ва ҳам манзили раҳбари ин созмон муттаҳам кард ва гуфт, 15 кас кушта шудааст.

Ба қавли нашрияи Financial Times, Эрон ба кишварҳои узви Созмони байналмилалии дарёнавардӣ гуфтааст, киштиҳои кишварҳои «ғайридушман» дар сурати ҳамоҳангӣ бо мақомоти Эрон метавонанд аз гулӯгоҳи Ҳурмуз убур кунанд.
Кеннет Поллак, як таҳлилгари масоили Ховари Миёна, гуфт, дар асл барои тасдиқи ин, ки пешрафти дипломатӣ вуҷуд дорад, далели кофӣ дар даст нест.

Поллак, ки дар гузашта таҳлилгари Маркази истихбороти Амрико ҳам будааст, рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, «тавре ман мефаҳмам, эрониҳо пешшартҳои калоне гузоштаанд, мисли ин, ки Амрико бояд ҷуброни ҷангро пардозаду ҳама нерӯҳояшро аз минтақа ақиб кашад. Ин чиз қобили қабули Трамп нест».

Ӯ гуфт, «ҳарфҳои Трамп бештар ба хотири ором кардани бозор, на баёни воқеият ва ё намоиши пешрафти ҷиддие садо додаанд».


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий