< Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
​Ба гуфтаи ӯ, Зулқадр ба ин мансаб бо назар ва мувофиқати раҳбари олии Эрон ва бо фармони раисҷумҳури ин кишвар таъин шудааст. Ӯ дар вазифаи дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Лориҷониро иваз мекунад, ки шаби 16 ба 17-уми март дар ҳамлаи Исроил ҳамроҳ бо писару муовин ва чанде аз муҳофизонаш кушта шуда буд.

Зулқадри 72-сола аз фармондеҳони баландпояи пешини Сипоҳи посдорони Эрон аст ва пас аз ҷанг бо Ироқ 8 сол (1989—1997) сардори ситоди муштарак ва 8 соли дигар (1997—2005) муовини фармондеҳи кулли Сипоҳ буд. Ӯ яке аз асосгузорони қароргоҳи хориҷии Рамазони Сипоҳ гуфта мешавад, ки баъдтар бар асоси сохтор ва фаъолияти ин қароргоҳ Нерӯҳои Қудс (бахши хориҷии Сипоҳи посдорон) ташкил шуд.

Дар давраи пеш аз Инқилоби Исломии Эрон Зулқадр узви гурӯҳи «Мансурун» ва дар муборизаҳои мусаллаҳона алайҳи низоми шоҳаншоҳии Эрон фаъол буд.

Ӯ дар мансабҳои дигаре ба монанди муовини вазири корҳои дохилӣ ва Қувваи қазоя (Додгоҳи олӣ)-и Эрон кор кардааст ва аз соли 2021 инҷониб дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аст.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар низоми давлатдории ин кишвар чӣ ҷойгоҳе дорад, дар матлаби «Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?» мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар ин маводи Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист? хонед, ки Алии Лориҷонӣ кӣ буд ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси «Азия–Плюс» огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий