Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки рӯзи душанбе ба хабарнигорон дар Палм Бичи Флорида суҳбат дошт, гуфт, «мехостем бузургтарин нерӯгоҳҳои барқии онҳоро (Эронро) бо як зарба аз байн барем. Онҳо бояд фурӯ мерафтанд. Барои ҳамин онҳо (мақомҳои эронӣ) занг заданд. Ман занг назадам. Онҳо занг заданд ва мехоҳанд созиш кунанд».
Мақомоти Эрон дар зудтарин фурсат ин иддаои Трампро рад карданд ва гуфтанд, «ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад» ва ин изҳороти раисҷумҳури Амрико «талош барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомӣ аст».
Дар идома суҳбати худ Трамп гуфт, Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна бо як мақоми баландпояи Эрон сӯҳбат кардааст, аммо аз ифшои номи он мақоми эронӣ худдорӣ карда, зикр кард, ки «ин мақом раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ Муҷтабо Хоманаӣ нест».
Ӯ танҳо зикр кард, ки «… мо бо касе рӯбарӯ ҳастем, ки ба андешаи ман, аз ҳама мӯътабартарин ва раҳбари асосӣ аст».Трамп гуфт, музокирот рӯзи якшанбе оғоз шуд, ду тараф дар бораи «нуктаҳои асосӣ» ба мувофиқа расиданд, он идома хоҳад ёфт ва агар самаранок гузарад, мо ба зудӣ ба созиш мерасем.
Ба қавли ӯ, Стив Уиткофф ва домодаш Ҷаред Кушнер музокира мекунанд.
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон ба ин суханҳои Доналд Трамп зуд вокуниш кард ва дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки «ҳеҷ гуна музокирот ба Амрико нест» ва Трамп «хабарҳои ҷаълӣ» паҳн карда, талош дорад ба нархи нафт таъсир расонад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам дар вокуниш ба ин суханҳои раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки «ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад».
Дар баёнияи ин ниҳод омадааст, ки «изҳороти раисҷумҳури Амрико дар чаҳорчӯби талошҳо барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомии ӯст».
«Ибтикороте аз сӯйи кишварҳои минтақа барои коҳиши таниш вуҷуд дорад ва посухи мо ба ҳамаи онҳо равшан аст: мо тарафе нестем, ки ин ҷангро оғоз кардааст ва ҳамаи ин дархостҳо бояд ба Вашингтон ирҷоъ (бозгардонида) дода шавад», — гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Ҳамакнун, назари Трамп ба ин изҳороти Эрон, ки суханҳои чанде пеш гуфтаашро рад мекунад, маълум нест.
Бояд гуфт, Доналд Трамп шаби 21 ба 22-юми март таҳдид карда буд, ки агар Эрон давоми «48 соат» тангаи Ҳурмузро «пурра ва бидуни таҳдид» боз накунад, Иёлоти Муттаҳида нерӯгоҳҳои барқии ин кишварро «нобуд хоҳад кард».
Дар посух ба ин, Сипоҳи посдорони Эрон низ таҳдид кард, ки агар чунин коре сурат гирад, «тамоми зерсохтҳои энерҷӣ, фановарии иттилоотӣ ва обширинкуни мутааллиқ ба Амрико ва режим (Исроил)"-ро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро, ки ҳудуди 20 дарсади нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба хокаш барои рафтуомади нафткашҳои марбут ба ин ду кишвар ва ҳампаймонҳои он маҳдуд кард. Баъди ин арзиши нафт дар ҷаҳон якбора боло рафта, ба беш аз 110 доллар барои як бушка ҳам расид. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ мегӯянд, рафтуомади киштиҳое, ки ба Амрикову муттаҳидонаш марбут набошанд, тариқи тангаи Ҳурмуз иҷозат аст.
Ёдовар мешавем, ки ҷанг дар Ховари Миёна субҳи 28-уми феврали соли 2026 бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст ва то ҳол ба ин пофишорӣ доранд.
Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод ва ба зарбаҳояш ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ идома медиҳад. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.
Бо гузашти чаҳор ҳафта аз оғози ҷанг мақомҳои алоҳида дар Амрико ва Исроил эътироф мекунанд, ки сарнагунсозии низом дар Эрон кори осон нест ва он ҳанӯз қавӣ аст ва накалавидааст.
Дар пайи ин нокомӣ дар Амрико аввалин мақоми баландпоя — Ҷо Кент, роҳбари Маркази миллии зиддитеррористии Амрико бо эътироз ба сиёсати Трамп дар қиболи Эрон ва оғози ҷанг истеъфо дод ва гуфт «ин ҷанг аз сӯйи Исроил ба Амрико таҳмил шудааст».
Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил, ки аз сӯйи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои ҷиноятҳои зиддибашар дар пайгард аст, пас аз зарбаи мушакии Эрон ба як шаҳри ҳастаияш, эътироф кард, ки «суқути низом дар Эрон кори саҳл нест».
Мақомоти Эрон таъкид мекунанд, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ танҳо чанд мақомдор нест ва он бар пояҳои мустаҳкам бунёд ёфта, қавӣ аст ва мақоми роҳбар ва фармондеҳони кушташударо шахсони шоиста соҳиб шуда, кори онҳоро идома медиҳанд. Дар Эрон низ эътирозоте зидди низом мушоҳида намешавад ва баръакс, ҳазорон нафар зери ҳамлаҳои ҳавоии Исроилу Амрико ба кӯчаҳо рехта, аз давлат ва хоки худ ҳимоят мекунанд.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси «Азия-Плюс» огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)