< Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»

Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
​Сарвари давлат дар идома илова намуданд, ки иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодии мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд ва имрӯз баргузории озодонаи онҳо ба мо муяссар гардид.

Дар робита ба иди сайиди Фитр Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки ин ид мисли дигар анъанаву суннатҳои милливу эътиқодии мо дарбаргирандаи арзишҳои зиёди ахлоқиву маънавӣ мебошад.

«Аз ҷумлаи суннатҳои неке, ки барои истиқболи он аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонашон мерос мондааст, хайру саховат кардан ба ниёзмандон мебошад. Худованд дар Қуръони карим дар бобати садақа додан мефармояд: „Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст ва ҳар ки бадие оварад, ба ҷуз мисли он ҷазо дода нахоҳад шуд“», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки агар садақаи Фитр мувофиқи таъйиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

«Ба ҳамин хотир, Худованд дар Қуръони маҷид таъкид кардааст: „Эй касоне, ки имон овардаед! Садақаҳои худро бо миннат кардан ва озор додан ботил накунед, монанди касе, ки моли худро барои худнамоӣ ва риё ба мардум медиҳад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад“», — илова намуданд Сарвари давлат.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий