< Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?

Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?
​​Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар «Наврӯзгоҳ», соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, вале иштирок кардани раисҷумҳур дар ин ҷашн маълум нест.  

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ки аксаран ҳудуди як ҳафта идома мекунад, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар бо иштироки сокинон як қатор мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мешаванд.
 
Дар пойтахт кай ва чӣ чорабиниҳо таҷлил мешавад?Аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» гуфтанд, маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00 субҳи рӯзи 21-уми март аз баландтарин нуқтаи шаҳр- Боғи Ғалаба оғоз мешавад.Дар ин соат, аз чаҳор гӯшаи шаҳри Душанбе корвони Наврӯзӣ вориди пойтахт гардида, дар назди муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ гирдиҳам меоянд.

Имсол ҷашни Наврӯз дар пойтахт аз 19-ум то 28-уми март бо чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳар рӯз дар 4 ноҳияи шаҳр, чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Замону макони баргузории чорабиниҳои наврӯзиро дар баргаҳои мо бубинед:


Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз «Ҷашнвораи Наврӯзи Душанбе» («Dushanbe Navruz Fest) баргузор мешавад. Он рӯзи 4-уми апрел соати 15:00 дар «Наврӯзгоҳ"-и пойтахт оғоз гардида, то соати 22:00 идома меёбад.

Дар ҷашнвора ҳунармандони дохилӣ ва хориҷӣ ҳунарнамоӣ карда, намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва шириниву нӯшиданиҳо дар назар аст.

Ба ғайр аз ин, барои меҳмонони ҷашнвора барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз ҷумла, бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо, намоишҳои театрӣ, гӯшаи аспсаворӣ ва барои фароғати кӯдакон майдончаҳои махсус ташкил мешавад.
 
Дар Хатлон чӣ гуна чорабиниҳо ва кай мегузарад?Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Бохтар, рӯзи 21-уми март, соати 9:00 барпо мегардад. Илова бар ин аз 22 то 25-уми март шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯзҳо дар шавҳру навоҳии вилоят чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:
— 22 март дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав;
— 23 март дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Муъминобод, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон ва Дӯстӣ;
— 24 март ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Абдураҳмони Ҷомӣ;
— 25 март ноҳияҳои Вахш ва Восеъ .
 
Дар Суғд ва ВМКБ чӣ?Дар Суғд чорабинии асосии Наврӯз рӯзи 21-уми март дар Қалъаи Хуҷанд барпо мешавад. 

Аз хадамоти матбуотии раиси вилоят гуфтанд, ҳамчунин, бахшида ба Наврӯз рӯзҳои 21 ва 22-юми март дар варзишгоҳҳо ва қасрҳои фарҳангӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд. Ба ғайр аз ин, мусобиқоти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла камонварӣ, пойга ва бузкашӣ низ баргузор мегардад.


Ҷашни асосии Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 23-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. Соати баргузории ин чорабинӣ ҳоло маълум нест.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки сокинону мансабдорон чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад.

Ин ҷашн ба Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дохил шудааст. Соли 2010 СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шуд ва чӣ тавр то имрӯз миёни мардум зинда мондааст, дар ин маводи мо бинед: Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?

Сарчашма: asiaplustj.info
​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий