Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
Дар рӯзи нуҳуми ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, ҳарду ҷониб ба захирагоҳи нафтӣ ва полишгоҳҳои нафтии якдигар ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, шаби гузашта, Исроил ба анборҳои нафти вилоятҳои Теҳрону Албурз ҳамла кард, ки дар пайи оташсӯзӣ дар фазои Теҳрон борони нафтӣ ба вуҷуд омад. Дар посух ба ин, Эрон ҳам ба чанд полоишгоҳи нафтии Ҳайфо ҳамла карда, ҳамчунин чанд нуқтаи ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст.
Охирин хабарҳо аз вазъи Эрону Исроил ва умуман минтақаи Ховари Миёнаро дар ин маводи мо хонед.
Наздики 180 нафари дигар аз Иморот ба Тоҷикистон баргаштандЧанд соат пеш, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, 178 нафари дигар тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе баргаштаанд, ки миёнашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфтанд, ки ин парвоз тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Фурудгоҳи Мактуми Дубай анҷом шуда, ҳудуди соатҳои 16:00–и имрӯз дар Душанбе фуруд омад.

Онҳое, ки тавассути парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштанд
Пеш аз ин, дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна, 362 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Абу-Забӣ ва Дубайи Иморот тариқи хатсайрҳои чартерии ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Fly Dubai» ба Тоҷикистон баргашта буданд.
Баъди ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Теҳрон ба онҳо, ин гурӯҳи мусофирон дар Иморот дармонда буданд.
Ҳамла ба анборҳои нафт ва таъсисоти обширинкунӣ дар ЭронВайс Карамӣ, мудири ширкати тақсими маҳсулоти нафтии Эрон ҳамла ба анборҳои нафт дар Теҳрону Албурзро тасдиқ карда, гуфтааст, ки дар пайи он, дар Теҳрон 4 нафар кушта шудааст. Ҳамчунин, раиси вилояти Албурз низ, аз кушта шудани 6 тан ва маҷрӯҳ гаштани 23 тани дигар дар ҳамлаҳо ба анборҳои нафти ин вилоят хабар додааст.
Дар пайи ҳамла ба анборҳои нафт ва оташсӯзӣ дар онҳо, Ҳилоли аҳмари Эрон аз ба вуҷуд омадани борони нафтӣ дар фазои Теҳрон ҳушдор дод. Ин ҷамъият аз сокинон хостааст, аз ҳузур дар маконҳои боз худдорӣ кунанд ва дар манзилҳои худ бимонанд.

Навору аксҳо аз Теҳрон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, шӯълаҳо ва дуди азимеро нишон медиҳанд, ки аз таъсисоти нафтӣ аланг мезананд.
Вайс Карамӣ рӯзи 8-уми март дар гуфтугӯ бо шабакаи «Хабар"-и телевизиони давлатии Эрон шарҳ додааст, ки шаби гузашта ва субҳи якшанбе, 4 анбори маҳсулоти нафтӣ ва 1 маркази нақлу интиқоли он дар вилоятҳои Теҳрон ва Албурз, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.Аммо ин масъули эронӣ гуфтааст, «бензин ба андозаи кофӣ дар анборҳои нафт мавҷуд аст ва дар дастраси мардум хоҳад буд». Бо ин ҳол, ӯ аз мардум хост, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба бензинфурӯшиҳо сар бизананд.
Ҳамчунин, расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки рӯзи гузашта, 7-уми март Амрико ба пойгоҳи обширинкун (Эрон оби баҳрро полоиш мекунад)-и ҷазираи Қашами Эрон ҳамла кардааст, ки дар натиҷа, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар 30 деҳа мушкил шудааст.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба ин ҳамла дар саҳифаи худ дар «Х» навишт, ки «ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётии Эрон иқдоми бисёр хатарнок аст, ки паёмадҳои сангине дар пай хоҳад дошт».
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ, дар вокуниш ба ин ҳамла дар саҳифаи «Х"-и худ навишт, ки «таҷовузи эътилофи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба обширинкуни Қашам бо пуштибонии яке аз пойгоҳҳои ҳавоӣ дар кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ анҷом шудааст. Ин ҷинояти ошкор вокуниши мутаносибе дарёфт хоҳад кард».
Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки ба он пойгоҳи Амрико, ки аз он ба таъсисоти обширинкуни ҷазираи Қашам ҳамла шуда буд, зарба задааст.
Ҳамлаҳо ба ИсроилДар ҳамин ҳол, Сипоҳ хабар додааст, ки дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба пойгоҳҳои нафтӣ дар Теҳрон ва Албурз, шаби гузашта ба як зихарагоҳи нафтӣ дар Ҳайфо ва чанд нуқтаи ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ҳамлаи паҳподиву мушакӣ анҷом додааст.
Ба гузориши хабаргузории «Садову симо"-и Эрон, Муҳаммад Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон изҳор доштааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар то ҳол беш аз 200 нуқта дар пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико ва Исроилро ҳадаф қарор додаанд, ки тақрибан 60% ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ва 40 дарсади дигар ба Исроил равона шуда будаанд.
«Мушакҳое, ки то ҳол дар амалиётҳо истифода шудаанд, аксаран наслҳои якум ва дуюм мебошанд. Дар марҳилаҳои баъдӣ, сабки нави ҳамлаҳо бо истифода аз мушакҳои пешрафтатар ва камтаристифодашудаву дурпарвоз ба кор гирифта хоҳад шуд», — илова кардааст Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон.

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар дар яке аз минтақаҳои Исроил пас аз ҳамлаҳои Эрон
Ӯ гуфтааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар «ҳадди ақал барои як ҷанги шадиди шашмоҳа бо суръати кунунӣ омдагӣ доранд».
Дар ҳамин ҳол. «The Times Of Israel» субҳи 8-уми март аз шунидани «бонги хатар» дар чанд нуқтаи Исроил хабар додааст, вале ба навиштаи ин расона, «аз талафот гузориш дода нашудааст».
Омори куштаву захмишудаҳо дар ЭронРӯзи 7-уми март як намояндаи Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, дастикам 195 донишомӯз ва омӯзгор кушта шуда, 68 мактаб осеби ҷиддӣ дидааст. Ба ғайр аз қурбониёни мактаби Миноб (168 кушта, а 110 тани дигар маҷрӯҳ), ҳамчунин, дар вилояти Форс низ як омӯзгор бо 5 талаба дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудаанд.
Ҳилоли аҳмари Эрон рӯзи 8-уми март иттилоъ додааст, ки аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон 9 ҳазору 669 нуқтаи ғайринизомӣ осеб дидааст. Аз ҷумла, ба 7 ҳазор 943 бинои истиқоматӣ ва 1 ҳазору 617 бинои тиҷоратӣ ҳамла шудааст.
Дар ҷараёни ин ҳодисаҳо 11 корманди тиб кушта ва 33 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Ба иттилои ин ҷамъияти эронӣ, 32 маркази доруӣ ва дармонӣ ва илова бар ин 13 маркази Ҳилоли Аҳмар низ низ осеб дида, 7 нафар аз кормандони имдодрасонӣ захмӣ шудаанд.

Инчунин, 15 мошини наҷотдиҳӣ ва 13 нақлиёти Ҳилоли Аҳмар ва ёрии таъҷилӣ зарар дидаанд.
Мақомоти Эрон охирон маротиба 5-уми март теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои Амрикову Исроилро 1 ҳазору 230 нафар ва теъдоди захмиёнро беш аз 6 ҳазор тан гуфта буданд. Омори охирини қурбониён дар Эрон маълум нест.
Вазорати тандурустии Исроил шабонарӯзи гузашта аз захмӣ шудани 157 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрон гузориш дода, иттилоъ додааст, ки дар умум, аз оғози ҳамлаҳо 1 ҳазор 929 тан бистарии беморхона гаштааст. Исроил чанд рӯз пеш омори кушташудаҳояшро 11 тан эълон карда буд.Аз сабаби сонсури расонаҳо, иттилоъ гирифтан аз Исроил ва вазъи он душвор шудааст.
Масъалаи ҷойгузини Хоманаӣ қариб ҳал шудааст, — расонаҳои эронӣЧанд соат пеш, хабаргузории «Mehr"-и Эрон, навореро нашр кард, ки дар он Оятуллоҳ Муҳаммад Маҳдӣ Мирбоқирӣ, як рӯҳонии баландпоя мегӯяд, Шӯрои коршиносон ё хурбагони Эрон ҷойгузини Алии Хоманаӣ, роҳбари олии ин кишварро интихоб кард.
Шӯрои коршиносон як гурӯҳи 88 рӯҳонии баландпоя аст, ки бо овоздиҳии мардум интихоб шудаанд ва ивазкунандаи Хоманаиро интихоб мекунанд.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, Маҳдӣ Мирбоқирӣ афзудааст, ки «қарори аксарият» ба даст омадааст, аммо бояд якчанд монеаҳои расмӣ бартараф карда шаванд.
Интизор меравад, ки Шӯро ба зудӣ ҷаласа баргузор кунад. Артиши Исроил қаблан ҳушдор дода буд, ки «ҳар як вориси қонунӣ ва ҳар касеро, ки кӯшиши таъин кардани вориси қонунӣ мекунад, таъқиб хоҳад кард».
Лориҷонӣ ба даъвои Трамп дар бораи ширкаташ дар интихоби роҳбари олии Эрон посух додаастАлии Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар як мусоҳибае, ки шаби гузашта расонаҳои эронӣ нашр карданд, ба иддаоҳои раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон гуфтааст, ки «ин нишон медиҳад, ки ӯ хеле одами ақибафтодае аст».
Ҳамчунин, Алии Лориҷонӣ дар як фиристае дар саҳифаи «Х"-и худ навишт, ки Амрико бояд барои «шаҳид кардани раҳбари мо ва мардуми мо» товон диҳад.
Пас аз чанд соат, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо шабакаи «CBS» изҳороти Лориҷониро «камаҳамият» хонда, гуфтааст, «ман аслан намедонам, ки дар бораи чӣ суҳбат мекунад».
Дар ҳамин ҳол, Стив Уиткофф, намояндаи вижаи раисумҳури Амрико, ки роҳбари музокиракунандагони Амрико бо Эрон буд, изҳор доштааст, ки «ҳанӯз ҳам фазое барои расидан ба як тавофуқ бо ончӣ аз давлати Эрон боқӣ мондааст, вуҷуд дорад».
Вазъияти охири Ховари МиёнаДар пайи ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматӣ субҳи имрӯз, 8-уми март дар ҷануби Лубнон 19 нафар кушта шудааст. Вазорати тандурустии Лубнон эълон кардааст, ки теъдоди қурбониён дар ин кишвар пас аз ҳамлаҳои Исроил ба 394 нафар расидааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ҷумла, 83 кӯдак ва 42 зан ҷони худро аз даст додаагд.
Дар ҳамин ҳол, «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфтааст, дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ба шаҳри Кирят-Шмонаи Исроил ҳамлаи паҳподӣ анҷом додааст.
Эрон мегӯяд, субҳи 8-уми март, чанд пойгоҳи Амрико дар кишварҳои Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст. Аз ҷумла, биное, ки аз ҷониби Муассисаи миллии таъминоти иҷтимоӣ дар Кувайт идора мешавад, пас аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин оташ гирифтааст. Ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бинои асосии он осеб дидааст ва «дар натиҷа хисороти моддӣ расидааст».

Дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаша, Кувайт аз кушта шудани ду корманди оташхомушкунӣ хабар додааст.
Баҳрайн низ аз ҳамлаи паҳподи ба таъсисоти обширинкунӣ хабар додааст.
Ҳамчунин, шаби гузашта дар пайи ҳамалаҳои Эрон ба пойгоҳҳо Амрико дар Иморот, фурудгоҳи Дубай барои чанд муддат баста шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи ин ҳамалаҳо, ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways», яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа, эълон кард, ки парвозҳоеро, ки барои якшанбе, 8-уми март ба нақша гирифта шуда буданд, бозмедорад
Фазои ҳавоӣ дар тамоми кишвар баста аст. Ширкати ҳавопаймоӣ нақшаҳои ояндаи худро рӯзи душанбе эълон хоҳад кард.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)