< Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст

Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Маҷлиси хубрагони Эрон шаби 8-ум ба 9-уми март роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломиро интихоб ва муаррифӣ кард: Сайид Муҷтабо Ҳусайни Хоманаӣ. Ӯ дар ин мақом падараш Алии Хоманаиро, ки ҳамроҳ бо ҳамсару чанде аз пайвандонаш дар оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, рӯзи 28-уми феврал, кушта шуд, иваз кард.

Дар ин бора хабаргузории расмии ин кишвар ИРНА хабар дода, навиштааст, «нишастҳо барои интихоби раҳбари ҷадиди Ҷумҳурии Исломӣ ё шахсан ва ё ба далели масоили амниятӣ бо ҳузури намояндагони онҳо баргузор шуд».

Ба навиштаи расонаҳои расмии Эрон, аз миёни чанд номзад Муҷтабо Хоманаӣ ҷонишини падараш интихоб шудааст.
Хабаргузории Форс, ба нақл аз манобеъи огоҳ дар бораи «дар фазои амн» баргузор шудани музокироти маҷлис хабар дода, зикр кардааст, ки нишасти ниҳоии Шӯрои хубрагон барои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Исломии Эрон «мумкин аст шахсан ва пас аз маросими дафни Алии Хоманаӣ баргузор шавад».


Муҷтабо Хоманаӣ бо падараш Алии Хоманаӣ

Пештар аз ин хабаргузориҳои ҷаҳон навиштанд, ки бинои котиботи Шӯрои хубрагон дар шаҳри Қум аз сӯйи Амрикову Исроил мушакборон шудааст.
Баъдтар расонаҳои Эрон аз қавли мақомдорони ин кишвар навиштанд, ки ба кори маҷлис ҳеҷ халале нарасидааст.


Бар асоси Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, то эълони расмии раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ, кишварро Шӯрои раҳбарияти муваққатӣ идора мекунад ва ин шӯро аз раисиҷумҳур, раиси қувваи қазоӣ ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон иборат аст.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси «Азия-Плюс» огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий