< Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, 219 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ба Ватан баргаштаанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон 115 шаҳрванди худро тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба кишвар баргардонидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Азия-Плюс» хабар додаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, 118 нафар тавассути марзи Туркманистон ва 101 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон аз Эрон берун шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна вазифадор шудаанд, то тамоми маълумот дар бораи шаҳрвандони кишварро ҳамарӯза ба ин ситод пешниҳод кунанд.
Ду рӯз пеш Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омада буданд. Ӯ гуфта буд, то он замон 200 кас дархости ба кишвар баргаштанро карданд.
 
Беш аз 100 шаҳрванд тариқи парвози чартерӣ ба Тоҷикистон омадаандАз ВКХ хабар доданд, шаби гузашта, 4 ба 5-уми март Тоҷикистон 115 шаҳрванди худро тариқи хатсайри чартерии ҳавопаймои «Сомон Эйр» аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба кишвар баргардонидааст.



Ин ниҳод, шоми дирӯз, 4-уми март эълон кард, ки ҳукумати кишвар барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ созмон медиҳад. Ин ниҳод изҳор дошт,  ки тибқи дастури ҳукумати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» вазифадор шудааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором, ба нақша гирад.

Вазорат илова кардааст, ки шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои сабти ном ба Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд. Бо рақами телефони ширкати «Сомон Эйр» ва сафаорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна дар ин пайванд шинос шавед.

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.
Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки «то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд».

Ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсияҳо дода буд, ки қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд, ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд.

Зимнан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, чанд рӯз пеш, «Сомон Эйр» эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.Аз ин пештар гуфта бд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий