Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Рӯзи панҷум аст, ки ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва дар посух ба он зарбаҳои Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои низомию зерсохтҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷи Форс идома дорад. Шаби гузашта дар Ховари Миёна, махсусан Эрону Исроил чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.
Ҳамлаҳои шаби гузашта ва субҳи имрӯзБар асоси гузоришҳо, нимашаб дар Теҳрон таркишҳо рух додааст. Аз таркиш дар Аҳвоз ҳам гузориш дода мешавад.
Ҳамчунин, расонаҳои эронӣ, субҳи имрӯз аз таркиш дар шаҳрҳои Теҳрон, Қудс, Вардовард ва чанд шаҳри дигар иттилоъ доданд. Исфаҳон низ шоҳиди ҳамлаҳо будааст.
Тибқи иттилои хабаргузории Садо ва симои Эрон рӯзи гузашта дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба як хонаи маскунӣ, ҳамаи аъзои як оила кушта шудааст. Ин расона нагуфтааст, ки хонавода мазкур аз чанд тан иборат буд. Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона як мошин мавриди ҳамла қарор гирифта, 5 мусофири дохили он кушта шудааст.Ба навиштаи хабаргузории «ИСНА» дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил 8 мошини ёрии таъҷилӣ дар Теҳрон осеб дидааст.

Маросими видоъ бо Алии Хоманӣ имрӯз огғоз мешавадЗимнан, видоъ бо пайкари Алии Хоманаӣ, раҳбари кушташудаи Эрон имрӯз оғоз мешавад. Хабаргузории «ИРНА» иттилоъ медиҳад, ки маросими видоъ бо ӯ дар мусалло (масҷид)-и Имом Хумайнӣ имрӯз шуруъ шуда, се рӯз идома меёбад.
Ба навиштаи ин расона, мардум метавонанд, бо ҳузур дар ин масҷид бо Алии Хоманаӣ видоъ кунанд. Алии Хоманаӣ 28-уми феврал дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон кушта шуда буд.
Расонаҳои Эрон дар робита ба ҳадсу гумонзаниҳо дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ хабар доданд, ки ӯ зинда ва солим аст.
Хабаргузории «Меҳр» шаби гузашта хабар дод, ки Муҷтабо Хоманаӣ умури идораи кишвашрро пайгирӣ мекунад.
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ ҷойгузини падараш шудааст, вале расонаҳои Эрон ин хабарро рад карданд.

Ҳамла ба биноҳои Маҷлиси хубрагон ва Маҷмаи ташхиси маслиҳати низомРасонаҳои Эрон аз ҳамлаи мушакии Амрикову Исроил ба сохтмони дабирхонаи Маҷлиси хубрагон дар шаҳри Қум ва бинои дабирхонаи Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар Теҳрон хабар доданд.
Маҷлиси хубрагон масъулияти таъин, аз кор гирифтан ва назорат бар раҳбари Эронро бар уҳда дорад. Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бошад, аз ниҳодҳои аслии Эрон аст, ки муҳимтарин масъулияти он ҳалли ихтилоф миёни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон аст.
Расонаҳои Эрон наворҳоеро нашр кардаанд, ки тахриби биноҳои ин ду ниҳодро нишон медиҳад.
Хабаргузории «Меҳр"-и Эрон навиштааст, ки бинои Маҷлиси хубрагон қадимӣ буд ва дар он ҷаласаҳо баргузор намешуданд. Хабаргузории Садову симои Эрон навиштааст, ки дар ҳамла ба ин бино касе осеб надидааст.
«HRANA»: Беш аз ҳазор ғайринизомӣ дар Эрон кушта шудаастДар ҳамин ҳол, Созмони ҳомии ҳуқуқи «HRANA», ки қароргоҳаш дар Вирҷинияи Амрико чанд соат пеш эълон кард, ки теъдоди ғайринизомиёнии кушташуда дар Эрон дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба 1 ҳазору 97 тан расидааст. Тибқи иттилои ин созмон 181 тани онҳо кӯдакони то 10 сола аст.
Ҳамчунин, созмон шумораи захмиёни ғайринизомиро 5 ҳазору 402 нафар гуфтааст, ки миёни онҳо 100 кӯдак низ ҳаст.
Ин ниҳоди ҳуқуқии инсон мегӯяд, танҳо дар 24 соати гузашта дастикам 104 ҳамла ба Эрон сурат гирифта, «пойгоҳҳои низомӣ, марказҳои тиббӣ ва минтақаҳои маскунӣ» ҳадаф қарор дода шудааст."HRANA« таъкид кардааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳо дар бораи садҳо мавриди марги дигар дар натиҷаи ин ҳамлаҳо аст.

Ин оморро мақомоти Эрон тасдиқ ё рад накардаанд. Охирин омори расмии кушташудаҳо, шоми дирӯз, 3-юми март аз сӯи Ҳилоли Аҳмари Эрон нашр шуд, ки ҳудуди 800 кас буд.
Ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва консулгарии Амрико дар ДубайДар ҳамин ҳол, шаби гузашта ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна низ идома пайдо кард. Аз ҷумла артиши Исроил гуфт, ки шаби гузашта мушакҳое, ки аз Эрон партоб шуда буданд, раҳгирӣ кардааст. Ба гуфтаи онҳо дар пайи ҳамлаҳои охир талафот нарасидааст.
»Ал-Ҷазира«, ҳамчунин аз шунида шудани таркишҳо давоми чанд соати гузашта дар Рамаллоҳи Исроил гузориш медиҳад.
Субҳи имрӯз вазорати тандурустии Исроил эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон 219 нафар ҷароҳат бардоштааст. Ба навиштаи „The Times Of Israel“ аз оғози ҳамлаи Эрон ба Исроил дар умум 1 ҳазору 274 нафар дар ин кишвар захмӣ шудаанд.
Ба иттилои мақомоти Исроил, дар пайи ҳамлаҳои Эрон 11 нафар кушта шудааст.
Ҳамчунин, шаби гузашта ба Консулгарии Амрико дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ ҳамлаи паҳподӣ сурат гирифтааст.
Ба навиштаи „Ассошиэйтед-Пресс“, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ин ҳамларо тасдиқ карда, гуфтааст, ки он аз сӯи Эрон анҷом шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, паҳпод ба назди Консулгарӣ бархурд карда, сабаби сӯхтор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Дубай эълон кардааст, ки сӯхтор дар Консулгарӣ хомӯш карда шуда, касе ҷароҳат набардоштааст.

Вазъ дар Ховари МиёнаЧанд соат пеш, нерӯҳои Арабистони Саудӣ дар хабар дод, ки як паҳподро нобуд кардаст. Аз ин пеш ин кишвар аз раҳгрии ду мушак дар ҷанубу шарқи Риёз хабар дода буд.
Инчинин, дар соатҳои ахир Исроил ба сокинони даҳҳо русто дар Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.
Чанд соат пеш, нерӯҳои Исроил ба меҳмонхонае дар Бейрути Лубнон зарба задааст. Ҳоло талафоти ин ҳамла маълум нест. Вале ба иттилои Вазорати тандурустии Лубнон дар пайи ҳамлаҳои шабона ба як бинони истиқоматӣ 6 нафар кушта ва 8 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.Ҳамла ба як бинои истиқоматии дигар дар ин кишвар 4 кушта ва 11 захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Қаблан мақомоти Лубнон гуфта буданд, ки шумораи кушташудагон дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба 50 нафар ва захмиён ба 335 тан расидааст.

Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфтааст, ки 3 корманди ёрии таъҷилӣ ҳангоми наҷоти маҷрӯҳон дар таркишҳо кушта ва 6 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
»Ал-Ҷазира« иттилоъ медиҳад, ки чанде пеш як паҳпод ба як иншооти сафорати Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод зарба задааст.
Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ дар соатҳои гузашта аз раҳгирии ду мушак хабар додааст.
Вазорати дифоъи Кувайт низ мегӯяд, мушакҳое, ки субҳи имрӯз ба фазои ҳавоии ин кишвар ворид шудааст, раҳгирӣ кардааст. Вазорати тандурустии ин кишвар субҳи имрӯз аз даргузашти як кӯдаке хабар дод, ки қаблан ҷароҳат бардошта буд.
Баҳрайн чанд соат пеш эълон кард, ки аз рӯзи шанбе ба ин сӯ 74 мушак ва 92 паҳподро нобуд кардааст.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соатҳои қабл иддао кардааст, ки аз Эрон ба ин кишвар ҳазор ҳамла сурат гирифтааст.
Ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳамлаи ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ширкат накардааст, вале бештарин зарбаро дар Ховари Миёна дидааст.
Қатар шаби гузашта аз боздошти ду гурӯҳ хабар дода, иддао кардааст, ки онҳо марбут ба Сипоҳи посдорони Эрон аст. Ҳамзамон ин кишвар чанд соат пеш аз партоби мушак ба пойгоҳи ҳавоии „Ал-Удайд“ гузориш дода буд ва гуфта мешавад, ки талафоти ҷонӣ надоштааст.
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони Эрон низ имрӯз гуфт, ки аз оғози ҷанг 26 паҳподи Исроилу Амрикоро нобуд сохта, як паҳподи солимро ба идораи худ даровардаанд.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси „Азия-Плюс“ огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)