< Барномаи ҷаҳонии озуқа: барои миллионҳо тан дар Афғонистон Рамазон бо гуруснагӣ оғоз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Барномаи ҷаҳонии озуқа: барои миллионҳо тан дар Афғонистон Рамазон бо гуруснагӣ оғоз шуд

Барномаи ҷаҳонии озуқа: барои миллионҳо тан дар Афғонистон Рамазон бо гуруснагӣ оғоз шуд
​Ин барнома рӯзи сешанбе, 24-уми феврал таъкид кардааст, ки бо ҳамкорӣ бо шарикони худ дар таъмини ғизои мавриди ниёзи хонаводаҳо кумак мерасонад.

Барномаи ҷаҳонии озуқа афзудааст: «Дар кишваре, ки 17 миллион тан бо гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд, моҳи Рамазон, ки замони тааммул ва бахшиш аст, фишори бештаре эҷод мекунад».

Ин барнома гуфтааст, ки бисёре аз мардум бидуни даромади қобили эътимод, пас аз солҳои мушкилоти иқтисодӣ, хушксолӣ ва дастрасии маҳдуд ба хидматрасониҳо вориди моҳи Рамазон мешаванд.

Барномаи ҷаҳонии озуқа илова кардааст: «Кӯдакон, инчунин, занони ҳомила ва ширдеҳ, ки осебпазиртарин гурӯҳҳо ҳастанд, ғизои вижа дарёфт мекунанд. Аммо ин кумакҳо ҳоло бо коҳиши буҷа рӯбарӯ ҳастанд ва миллионҳо афғонро, ки ба он башиддат ниёз доранд, таҳдид мекунанд».

Ниҳодҳои мухталифи Созмони Милал ҳушдор додаанд, ки 17 миллион тан дар Афғонистон ба кумакҳои наҷотбахш ниёз доранд.
Моҳи Рамазон дар ҳоле фаро расидааст, ки қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий