Кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
Беш аз 2,5 миллион сомонӣ, ки мардуми Тоҷикистон барои кумак ба сокинони Ғазза ҷамъ оварда буданд, дар шакли ғизо, либосу пойафзол, кӯрпа ва дигар маводи зарурӣ ба Ғазза расонида шудааст. Навори раванди расонидани ин ёриҳоро чанд рӯз пеш саҳифаи фейсбукии «Saliheen» нашр кард.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и кишвар аз расидани корвони навбатии кӯмаки башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон ба Ғазза хабар дода, вале ҳаҷми онро нагуфта буд. Аз ин ниҳод ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки ин кӯмак ҳамонест, ки қаблан вазорат хабар дода буд.
Ба иттилои саҳифаи фейсбукии «Saliheen», ҳаҷми умумии маблағе, ки мардуми Тоҷикистон барои кумак ба зарардидагони Ғазза гирд оварданд, 2 миллиону 627 ҳазору 5 сомонӣ буда, ин маблағ дар шакли маводи зарурӣ ба эҳтиёҷмандон расонида шуд.

Манбаъ менависад, кумакҳо аз маводи зерин иборат буданд:
1500 сабади ғизоӣ;
1500 кӯрпа;
300 ҷойхоб (матрас);
800 қуттии либос ва пойафзол;
490 печи рӯйпӯши обногузар.
Гуфта мешавад, ки маводи хӯрока аз орд, шакар, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ иборат буданд.
ВКХ -и Тоҷикистон гуфта буд, корвони ёрии Тоҷикистон шоми 8-уми феврал дар 6 мошини боркаш тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Мисру Фаластин бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайриявии Тоҷикистон ба дохили Ғазза интиқол дода шуд.

Рӯзи 16-уми феврал Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон низ аз расидани кумакҳо ва тақсими он миёни сокинони зарардидаи Ғазза хабар дода, аз қавли Адҳам Зайналдин, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон навишт, ки арзиши умумии кумакҳо ба 250 ҳазор доллар баробар аст.
Бояд гуфт, қаблан дар Тоҷикистон бо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД «Дипсервис"-и Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода буданд.
Дар он то моҳи апрели соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, тақдири ояндаи ин маблағҳо норавшан буд. Ба иттилои «Saliheen», ин ҳамон маблағ аст, ки бинобар баста будани роҳҳо ва маҳдудиятҳои сарҳадӣ имкони саривақт расонидани кумак фароҳам набуд ва бо боз шудани роҳ ин кумак ба мардуми Ғазза расонида шуд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон қаблан, дар моҳи январи соли 2025 низ якҷо бо чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристода буд. Ин кумакро Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти хайриявии Урдун равон карда буд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)