< Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Раҳбарияти ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди долонҳои нақлиётие, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст месозад, тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҶС «НК «Қазақстан темір жолы» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, роҳбари ширкати роҳи оҳани Қазоқистон Талгат Алдибергенов дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ дидору гуфтушунид кардааст.

Зимни гуфтушунид таъкид шудааст, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулот ва бор байни кишварҳо ба андозаи 15,1% афзуда, маблағи умумии он ба 5,9 млн тонна расидааст.

Содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 7,6% — то 2,6 млн тонна зиёд шудааст. Асоси содиротро зироати ғалладона, орд, маҳсулоти нафтӣ, фулузот (металлҳо)-и сиёҳ, маълдани ранга ва равғани растанӣ ташкил додаанд.Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатсайрҳои роҳи оҳан, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамгироии равандҳои логистикӣ ва рақамисозии ҳуҷҷатҳо тавофуқ ҳосил кардаанд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки ба рушди долонҳои байнулмилалии нақлиётӣ, ки ба тақвияти имконоти транзитии минтақа муосидат мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.



Дар хабар таъкид мшавад, ки ҳамкорӣ байни ширкатҳои «Қазақстан темір жолы» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба шарикии чандинсола асос ёфта, ба таъмини робитаи устувор ва мунтазам байни Қазоқистон ва Тоҷикистон равона шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протокол дар бораи натиҷаҳои кор дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 ба имзо расидааст.

Ғайр аз ин, дар доираи сафар дидору гуфтушуниди Талгат Алдибергенов бо муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ доир гардидааст.

Дар ҷараёни гуфтушуниди ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ баррасӣ шуда, самтҳои стратегии рушди имконоти транзитиву логисткиии ду кишвар муайян карда шудаанд.

Дар назар аст, ки афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва бунёди хатсайрҳои самараноки нақлиётӣ ба ҳамкории мутақобила байни кишварҳо такони иловагӣ мебахшанд.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий