Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё худ муфтии Тоҷикистон нигаронии миёни ҷомеа пайдошударо шарҳ дод, ки чаро дар баъзе кишварҳо оғози моҳи шарифи Рамазон тафовут дорад.
Шоми дирӯз, чанд кишвари мусулмонӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бо дидани моҳ рӯзи 18-уми февралро оғози моҳи шарифи Рамазон эълон карданд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзи 19-уми февралро оғози ин моҳи муборак эълон кардааст.
Тафовути як рӯз дар оғози моҳи Рамазон миёни сокинони кишвар шакку нигарониҳоеро ба миён овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Мо имрӯз аз муфтии Тоҷикистон тавзеҳ пурсидем.
«Моҳтоб дар ихтиёри ҳеҷ кас нест"Саидмукаррам Абдулқодирзода ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ин масъала ҷои ташвишу нигаронӣ надорад ва дар асоси руъяти моҳ (бо чашм дидани моҳ) 19-уми феврал дар кишвар моҳи шарифи Рамазон эълон шудааст.
«Моҳтоб дар ихтиёри ҳеҷ кас нест. Сайру хуруҷу дохилшавиву ғуруби худро дорад. Баъд хат дорад. Вақте ки кишварҳо аз ҳамдигар ба масофаи 4-5 ҳазор [км] ё зиёду кам фарқият доранд, дар баъзе ҷой дида мешавад, дар баъзе ҷой дида намешавад», — гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Муфтӣ таъкид кард, ки дар дини Ислом таваллуди моҳ муҳим нест, балки дидани моҳтоб бо чашми сар муҳим аст: «Паёмбар © мегӯянд, ки моҳро дидед — рӯза бигиред, моҳро дидед — бихӯред».
Абдулқодирзода гуфт, ки чунин ихтилоф дар замони саҳобаҳо ҳам вуҷуд дошт, вале ин «як мушкил аст, на тафриқа, на фитна».

Ӯ дар мавриди чанд кишваре, ки 18-уми февралро рӯзи оғози моҳи муборак эълон карданд, иброз дошт, ки «шояд бо дурбинҳои пурбин [моҳро] дида бошанд, вале бо чашми сар ҳеҷ эҳтимоли диданаш набуд».
«Дар Тоҷикистон [моҳ] дида нашуд. Аз ҳама баландтарин расадхонаҳоро мо дорем. Дар кӯҳҳои баланд, сарбафалак. Вале надиданд. Ягон мушкиле нест. Яъне, дар Тоҷикистон ва аксарияти кишварҳои исломии мусулмоннишин фардо аст Рамазон. Мувофиқи шариат, онҳое, ки моҳро диданд — рӯза мегиранд, онҳое, ки надиданд, кай бинанд — баъд рӯза мегиранд», — гуфт муфтии Тоҷикистон.
Моҳи Шаъбон 29 рӯз аст 30 рӯз?Дар ҳоле ки чанд кишвари мусулмонӣ 18-уми февралро аввали моҳи Рамазон эълон карданд, моҳи аз он пеш — Шаъбон 29 рӯз шуд. Вале дар кишварҳои дигар, ки 19-уми февралро оғози моҳи муборак гуфтанд, ҳамон моҳи Шаъбон 30 рӯз шуд. Мо аз муфтии Тоҷикистон пурсидем, ки мешавад, ки моҳи Шаъбон дар як ҷо 29 ва дар ҷойи дигар 30 рӯз шавад?
Саидмукаррам Абдулқодирзода посух дод, ки вақте моҳтоби моҳи шарифи Рамазон дида намешавад, бе шакку гумон бояд Шаъбон 30 рӯз эълон шавад.
Вай тавзеҳ дод, ки тибқи шариат, ҳатто агар моҳ таваллуд шуда бошад ва ҳатто баъди ғуруби офтоб аз намози шом то қариби хуфтан дар осмон пайдо шавад, вале абр бошаду моҳи нав бо чашми сар дида нашавад, Шаъбон 30 рӯз мешавад ва фардояш моҳи Рамазон эълон мешавад.
«Ин мушкилӣ надорад. Ягон муаммо нест. Ягон чизи печида нест. Ошкору равшан аст. Инсонҳое, ки савод надоранд, ба умқи масъала даркашон намерасад, барои онҳо хеле мушкилу душвор мешавад. Ранге, ки осмон дар замин расида бошад. Не, ин масъалаи содда аст. Моҳтоб дар ихтиёри ҳеҷ кас нест. Хатти худро дорад. Бо хатти худаш меравад. Ҳар куҷое диданд — рӯза мегиранд, надиданд — рӯза намегиранд», — иброз дошт муфтии Тоҷикистон.
Шаби гузашта ҳам, Шӯрои уламо бо нашри як изҳорот гуфт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо оғози моҳи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал рост меояд.
«Дар аксари кишварҳои минтақа низ оғози моҳи шарифи Рамазон рӯзи панҷшанбе, 19 феврал муайян гардидааст», — гуфт Шӯрои уламо.
Чанд лаҳза баъд, маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» дар тақвияти фатвои Шӯрои уламо номи чанд кишвар, аз ҷумла Миср, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Уммон, Сингапур, Ҳиндустон, Австралия, Ҷопон ва чанд кишвари дигарро навишт, ки рӯзи 19-уми февралро оғози моҳи шарифи Рамазон эълон кардаанд.
Ҳамчунин, ба қавли манбаъ, Шӯрои аврупоии фатво ва таҳқиқот низ 19-уми февралро рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон кардааст.
«Рӯза танҳо нахӯрдану наошомидан нест"Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Паёмбари ислом Муҳаммад © рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳои дунё вуҷуд дорад.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазонро дар ин матлаби таҳиякардаи «Азия-Плюс» бихонед. Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон низ дар ин пайванд аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)