Марги мармузи ду тан дар Душанбеву Рӯдакӣ ва худкушии як наврас дар Айнӣ дар як рӯз
Дар рӯзи гузашта дар Тоҷикистон ҷасади ду кас бо марги мармуз аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ пайдо гардида, як навраси дигар худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми ноябр аз дохили чоҳе дар бинои 26-и кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ як ҷасад бо марги мармуз ёфт шудааст. Мақомот маълум кардаанд, ки ин ҷасади марди 49-солае аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст. Сабаби ҷон бохтани мард дар чоҳ маълум нест.
Наҷотдиҳандагон пайкари ин мардро барои ташхис ва тафтиши сабабҳои марг ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар идома иттилоъ додааст, ки рӯзи гузашта як сокини 17-солаи деҳаи Вешапи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон андохта, ғарқ шудааст. Ҳоло наҷотдиҳандагон тани бе ҷони ин наврасро ҷустуҷӯ доштаанд.
Ҳарчанд, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, имсол дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ ва сӯйиқасд ба куштор кам шудааст, аммо ҳодисаҳои марги мармузи сокинони кишвар дар ду соли охир сару садои зиёд барпо карданд. Ба иттилои ин ниҳод, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони одамон сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024, 13 ҳолат камтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, охири моҳи август роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб карда буданд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз канали Кӯктош-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як ҷавон пайдо шудааст, ки дар ӯ “аломтҳои марги маҷбурӣ” намудор аст. Мақомот гуфтаанд, ин ҷавонмард сокини 29-солаи деҳаи Мадад-1-и ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ҳоло сабабҳои марги ӯро мақомот таҳқиқ доштаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар идома иттилоъ додааст, ки рӯзи гузашта як сокини 17-солаи деҳаи Вешапи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон андохта, ғарқ шудааст. Ҳоло наҷотдиҳандагон тани бе ҷони ин наврасро ҷустуҷӯ доштаанд.
Ҳарчанд, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, имсол дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ ва сӯйиқасд ба куштор кам шудааст, аммо ҳодисаҳои марги мармузи сокинони кишвар дар ду соли охир сару садои зиёд барпо карданд. Ба иттилои ин ниҳод, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони одамон сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024, 13 ҳолат камтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, охири моҳи август роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб карда буданд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”.
Комментарии (0)