Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон баъди чанд соати қатъ гардидан дубора барқарор шудааст
Хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, ки дар пайи заминларзаи шадиди шаби гузашта хароб шуда, дар натиҷа, чанд вилояти Афғонистон бебарқ монда буд, баъди зуҳри имрӯз таъмир ва интиқоли барқ аз кишвари мо ба Афғонистон дубора барқарор шудааст.
Дар ин бора ширкати давлатии барқи Афғонистон "Брешно" (DABS) иттилоъ додааст.
Дар пайи заминларзаи шадиди шаби 2 ба 3-юми ноябр дар шимоли Афғонистон, ки Тоҷикистонро ҳам такон дод, хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишвар қатъ шуданд ва наздики 10 вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахти он Кобул бе барқ монда буд.
Дар натиҷа, сокинони Кобул ва вилоятҳои Бағлон, Парвон, Панҷшер, Кописо, Логар, Пактиё, Ғазнӣ, Майдони Вардак, Кундузу дигар вилоятҳои шимолии Афғонистон бе барқ мондаанд.
Пас аз зуҳри имрӯз, 3-юми ноябр "Брешно" дар саҳифаи расмии худ навишт, “коргарони техникии ин ширкат тавонистанд хати интиқоли барқи воридашавандаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷаи заминларза қатъ шуда буд, аз нав барқарор созанд”.
Бо пайваст шудани барқи воридашаванда, барқ дар вилоятҳои Кундуз, Тахору баъзе ноҳияҳои Бағлон таъмин гардидааст.
Интиқоли барқ дар Кобул ва дигар вилоятҳои марказию ҷанубии кишвар то ҳол пурра барқарор нашудааст.
Ширкати "Барқи тоҷик"-и Тоҷикистон, ки бо ширкати "Брешно"-и Афғонистон созишнома бастааст, ин ҳодисаро шарҳ намедиҳад. Аз "Барқи тоҷик" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "масъалаи мазкур ба мо рабт надорад ва барои шарҳи ин мушкил Шабакаи интиқоли барқ масъул аст".
Аз Шабакаи интиқоли барқ ба тамосҳо посух надоданд.
Бояд гуфт, ки содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст. Тарафҳо дар охири ҳар соли тақвимӣ протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда муайян карда мешавад. Охири соли 2024 Шикати "Барқи тоҷик" бо “Брешно” барои фурӯши барқ дар соли 2025 қарордод имзо карда буд.
Ин дар ҳолест, ки аҳолии музофот ва ҳатто шаҳрҳои Тоҷикистон дар айёми тирамоҳу зимистон ба маҳдудияти интиқоли барқ мувоҷеҳ мешаванд.
Расонаҳо менависанд, дар Афғонистон ҳоло садҳо бино вайрон шуданд ва ҳазорҳо нафар бехона монданд. Мақомоти маҳаллӣ эълон кардаанд, ки теъдоди ҷонбохтагон метавонад афзоиш ёбад.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир дар ҳудуди Афғонистон заминларзаҳои шадид ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ҷумла, моҳе пеш, шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр ҳам заминларзаи 6-балла дар Афғонистон ҳудуди соатҳои 12 шаби гузашта рух дода, вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Нуристон ва Лағмон дар шарқи ин кишварро сахт такон дод. Дар пайи он беш аз 800 кас ба ҳалокат расида, 2500 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи "Брешно", соати тақрибан 01:00 бомдод (шаб дар назар аст, аз идора) ду хати асосии интиқоли барқ аз Ӯзбекистон – Найбобод-Самангон ва Хулм-Пули Хумрӣ қатъ шуданд. Инчунин хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба вилояти Кундуз пурра тахриб гардид.
Дар натиҷа, сокинони Кобул ва вилоятҳои Бағлон, Парвон, Панҷшер, Кописо, Логар, Пактиё, Ғазнӣ, Майдони Вардак, Кундузу дигар вилоятҳои шимолии Афғонистон бе барқ мондаанд.
Пас аз зуҳри имрӯз, 3-юми ноябр "Брешно" дар саҳифаи расмии худ навишт, “коргарони техникии ин ширкат тавонистанд хати интиқоли барқи воридашавандаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷаи заминларза қатъ шуда буд, аз нав барқарор созанд”.
Бо пайваст шудани барқи воридашаванда, барқ дар вилоятҳои Кундуз, Тахору баъзе ноҳияҳои Бағлон таъмин гардидааст.
Интиқоли барқ дар Кобул ва дигар вилоятҳои марказию ҷанубии кишвар то ҳол пурра барқарор нашудааст.
Ширкати "Барқи тоҷик"-и Тоҷикистон, ки бо ширкати "Брешно"-и Афғонистон созишнома бастааст, ин ҳодисаро шарҳ намедиҳад. Аз "Барқи тоҷик" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "масъалаи мазкур ба мо рабт надорад ва барои шарҳи ин мушкил Шабакаи интиқоли барқ масъул аст".
Аз Шабакаи интиқоли барқ ба тамосҳо посух надоданд.
Бояд гуфт, ки содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст. Тарафҳо дар охири ҳар соли тақвимӣ протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда муайян карда мешавад. Охири соли 2024 Шикати "Барқи тоҷик" бо “Брешно” барои фурӯши барқ дар соли 2025 қарордод имзо карда буд.
Ин дар ҳолест, ки аҳолии музофот ва ҳатто шаҳрҳои Тоҷикистон дар айёми тирамоҳу зимистон ба маҳдудияти интиқоли барқ мувоҷеҳ мешаванд.
Шиддати заминларза ва паёмадҳои он дар Афғонистон
Бар асоси маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои кишвар, заминларза дар Тоҷикистон соати 01:29-и рӯзи 3-юми ноябр (ба вақти Душанбе) сабт шудааст. Қувваи заминларза дар марказаш (Афғонистон) 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе 4 балл ва дар шаҳри Панҷакент 3 баллро ташкил додааст.Ба иттилои CNN, дар натиҷаи заминларза дар Афғонистон беш аз 30 кас ҷон бохта, беш аз 320 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба навиштаи "Khaama Press", дар шумори ҷонбохтагон ду кӯдак низ шимоланд.
Расонаҳо менависанд, дар Афғонистон ҳоло садҳо бино вайрон шуданд ва ҳазорҳо нафар бехона монданд. Мақомоти маҳаллӣ эълон кардаанд, ки теъдоди ҷонбохтагон метавонад афзоиш ёбад.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир дар ҳудуди Афғонистон заминларзаҳои шадид ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ҷумла, моҳе пеш, шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр ҳам заминларзаи 6-балла дар Афғонистон ҳудуди соатҳои 12 шаби гузашта рух дода, вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Нуристон ва Лағмон дар шарқи ин кишварро сахт такон дод. Дар пайи он беш аз 800 кас ба ҳалокат расида, 2500 тани дигар захмӣ шуданд.
Комментарии (0)