Додситони Хатлон аз мансаб барканор ва аз мақомот ронда шуд. Боз кӣ аз мансаб озод шуд ва кӣ вазифаи нав гирифт?
Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти кишвар имрӯз, 3-юми ноябр иттилоъ дод, вале мушаххас дар бораи кирдоре, ки боиси барканорӣ ва хориҷ шудани додситони Хатлон аз мақомот шуда бошад, чизе нагуфт. Танҳо ишора кард, ки сабаби дигари барканории ӯ "риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ " мебошад. Маълум нест, ки ба ҷои ӯ ба ин мақом кӣ таъин шудааст.
Манбаъ навишт, ки Парвиз Нориён аз вазифаи директори телевизиони “Варзиш” озод ва муовини якуми сардори Хадамоти алоқа таъин гардидааст. Кӣ директори телевизиони “Варзиш” таъин шудааст, маълум нест.
Ҳамчунин, Толиб Холзода ба ҷойи Хол Гулов ва Аҳлиддин Муртазозода ба ҷойи ӯ Шоҳназар Холназарзода муовинони сардори Хадамоти алоқа таъин гардиданд.
Бо қарорҳои алоҳидаи дигар, Нусратулло Зокирзода аз мақоми ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа озод гардидааст. Сабаби барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо номбурда ба кадом мансаб таъин шудааст, маълум нест. Ба ҷои ӯ, Абдуалим Аҳтамзода, ки то ин дам мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Душанбе буд, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон таъин шуд.
Ҳамчунин, Машраб Файзулло аз вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия озод гардида ба ҷойи ӯ Иброҳимзода Илҳомиддин таъин карда шуд. Сабаби барканории Машраб Файзулло гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо ӯ чӣ вазифа гирифтааст маълум нест.
Шаҳриёр Саъдуллозода ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ӯ дар ин вазифа Алмосшо Шоҳиёнро иваз кард.
Баҳрулло Файзализода ба ҷойи Рустам Ғанизода директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин гардидааст
Масрур Абдуллозода, ки то ин дам мушовири бахши Ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, мушовири калони ин бахш таъин гардидааст.
Шаҳбоз Саидзода директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин гардид. То ин дам дар ин мақом ки кор мекард маълум нест. Саидзода то ин дам сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буд.
Хурсанд Содиқзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф озод гардид. Ба ин мақом, кӣ таъин шудааст маълум нест.
Зоиршоҳ Мирзоализода ба мақоми раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Раҳмонбек Бахтдавлатовро, ки сабаби барканории ӯ расидан ба синни нафақа гуфта шудааст, иваз кард.
Шариф Маҳмадзода ба вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардидааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои хостааст, ки “вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд”.

Аваз Назарзода моҳи январи соли 2024 ба ҷои Абдураҳим Раҳимзода додситони Хатлон таъин шуда буд. Ӯ як муддат додситони ВМКБ ҳам буд.

Ҳамчунин, сардорони чанд раёсати Додситонии кул, додситонҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва додситонҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, додситони ҳарбии гарнизони Рашт кадрҳо таъин шудаанд. Аммо номи ин ашхос маълум нест.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои хостааст, ки “вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд”.
Комментарии (0)