Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ сурат гирифт. Аз ҷониби Тоҷикистон талафот ҳаст
Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хабар доданд, субҳи имрӯз дар мавзеи "Кех", 10-километрии маркази ин ҷамоат миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ оғоз шуд.
"Тирпарронӣ идома дорад, аз ҷониби мо фавтида ҳаст - сарбози хидмати ҳатмии ҳарбӣ. Ӯро ба бемористон интиқол медиҳанд", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бемористон барои қабули захмиён омодагӣ мегиранд.
Сарчашма: asiaplustj
Комментарии (0)