Ҳалокати зани 72-сола зери чархи мототсикл дар Душанбе
Ронанда аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада пиёдагардонро пахш мекунад, ки ҳоло мақомот ҷузъиёти ҳодисаи маргборро мушаххас мекунанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги мудҳиши як зани солхӯрда дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, ин ҳодисаи нохуш пас аз зуҳри 30-юми май, тахминан соати 15:00- дақиқа рух додааст.
Ронандаи мототсикли тамғаи "Хонда", ки боиси марги ин зан шуд, сокини 30- солаи шаҳри Ваҳдат Нуров Умедҷон Гадоалиевич будааст.
Гуфта мешавад, ӯ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон - Шарипова Турсунхони 74-сола ва Бобоқулова Гулафзои 7-сола сокинони шаҳри Душанберо, пахш кардааст.
Дар натича пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, Шарипова Турсунхони солхӯрда бошад дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ахиран ин ниҳод хабар дода буд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу Матиз”, Сафаров Раҳмони 58-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Чармгарони Поён, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, мусофираш Худойбердиев Нуралиии 43-сола ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамзамон ронандаи "Ваз-21015" Шарифзода Саидшои 21- сола дар Душанбе зани 46-соларо пахш мекунад, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)